734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар Душанбе вобаста ба масъалаи саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва имкониятҳои рушд мизи мудаввар доир гардид

Имрӯз дар толори Кохи Афсарон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони соҳа мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва имкониятҳои рушд” доир гардид.

Дар кори мизи мудаввар муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ ва муовини раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва техналогияҳои нав, Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амвол, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту ташкилотҳои соҳавӣ, олимону маҳаққиқон, роҳбарону намояндагони ташкилотҳои қарзии хӯрду миёна ва мутахассисони ҷавон соҳаи мазкур иштирок намуданд.

Дар кори мизи мудаввар ваъзи дурнамои соҳибкории хӯрду миёна, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, ҳадафҳои татбиқшавандаи фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар, роҳҳо ва омода намудани  мутахассисони ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


28.11.2019 Нет комментариев