734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Қазоқистон: Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ

Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси илмӣ – амалиро таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ” доир менамояд.

Конфронси мазкур бо дастгирии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагии маҳфил дар Ҷумҳурии Қазоқистон санаи 14 декабри соли ҷорӣ доир гардида, дар кори он олимон ва муҳаққиқони ҳарду кишвар ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва диаспораҳои муқими Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок ва суханронӣ менамоянд.

         Дар кори конфронс сиёсати мувафаққонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои муҳими сайёра мавриди омӯзиши илмӣ қарор дода шуда, андешаҳои коршиносони ҳарду кишвар вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи илмӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.


26.11.2019 Нет комментариев