734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Суғд: Семинарҳои омӯзишӣ миёни ҷавонон

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд силсила семинарҳои омӯзишӣ оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез ва тундгароии ба терроризмбаранда дар байни ҷавонони вилояти Суғд оғоз гардиданд. Силсила семинарҳои омӯзишӣ миёни ҷавонони вилояти Суғд то 30 ноябри соли ҷорӣ идома намуда, ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо маълумот фаро гирифта мешаванд.

Синари мазкур аз ҷониби Созмони Аҳдномаи Ҳамкорӣ дар Аврупо дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуда, дар он масъалаҳои муҳими гаравиши ҷавонон ва роҳҳои пешгирии онҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта мешавад.

Дар кори семинар кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҳайси коршинос ба ҷавонону наврасони вилояти Суғд дар ин муддат семинарҳои гуногуни омӯзиширо доир менамоянд.


26.11.2019 Нет комментариев