734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Таъсиси намояндании маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Британияи Кабир

Дар Британия Кабир намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” аз санаи 20 ноябри соли 2019 ба фаъолияти хеш оғоз намуд.

Бо дастгирии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ намояндагии маҳфил дар Британияи Кабир таъсис дода шуда, минбаъд роҳбари намояндагии маҳфил дар дар назди намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Британияи Кабир Саҳобиддин Садриддинзода таъин гардида, минбаъд ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои маҳфили мазкур дар Британияи Кабир дар якҷоягӣ бо намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир фаъолият менамояд.

Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”дар доираи дастуру супоришҳои Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 инҷониб бо мақсади дӯсту муттаҳидгардонӣ, баррасиву мушкилоти донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис дода, то имрӯз намояндагии маҳфил дар 16 давлати дунё ба таври мунтазам фаъолият намуда истодаанд.

Маҳфил ҷиҳати муаррифи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар хориҷи кишвар, бо маълумоти саҳеҳ фаро гирифтани донишҷӯёну ҷавонони муҳоҷир, баррасии мушкилоту дастовардҳои ҷавонон дар хориҷи кишвар пайваста бо намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, диаспораҳои муқими давлатҳои хориҷа, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ҳамкории зич дошта, пайваста чорабиниҳои маълумотию иттилоотӣ, фарҳангию фароғатӣ ва варзиширо доир менамоянд, ки дар он шумораи зиёди ҷавонони тоҷик иштирок менамоянд.


26.11.2019 Нет комментариев