734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс медали тилло ба даст овард

Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс, ки  дар  Ҷумҳурии Қазоқистон ба хотираи Шокир Болтеулу доир шуд, соҳиби медали тилло гардид.

Мусобиқаи байналмилалӣ аз  21 то 24 ноябр  дар шаҳри Актауи  Қазоқистон баргузор шуда, дар он  беш аз 70 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Россия иштирок намуданд.

Баҳодур Усмонов дар вазни  63 кг дар даври аввал бар Темирлан Кенирбаев, сипас бар Бағдат Увайдаев, дар нимфинал бар Зокир Сафиуллин ва дар финал бар Эртуган Зайнулинов (ҳама аз кишвари мизбон) ғалаба карда, соҳиби ҷойи аввал шуд.

Варзишгари  дигари ҷумҳурӣ Иззатулло Алиев бо вазни 52 кг дар даври аввал аз ҳарифи қазоқаш Куаниш Дуйсебай мағлуб гардид.

Ёдовар мешавем, ки ин шашумин медали Баҳодур Усмонов дар соли 2019 мебошад.


26.11.2019 Нет комментариев