734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” доир гардид

Дирӯз дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” бо иштироки беш аз 5000 ҳазор нафар ҷавонону варзишгарон ва сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе доир гардид.

Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷогӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои кишвар ташкил карда шуда, дар доираи баргузории чорабинии мазкур аксияҳои тарғиботӣ ташфиқотӣ ба роҳ монда шуд.

Новобаста аз номусоидии боду ҳаво ва рӯзи истироҳатӣ шумораи зиёди ҷавонону варзишгарон ва сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе иштироки фаъолона намуданд.

Нахуст, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз иштирокчиёни ҳамоишро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз намуданд, ки маҳз бо талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар қомат афрохта шуда истодааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рами баҳамҳоӣ, якдиливу ягонагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллати тоҷик мебошад.

Дар идомаи кори ҳамоиш табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин қироат карда шуда, муроҷиатномаи ҷавонону варзишгарон аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам қироат карда шуд.

Дар охир барномаи фарҳангӣ аз ҷониби аҳли санъат ба ба намоиш гузошта шуд.


25.11.2019 Нет комментариев