734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Шӯрои умумироссиягии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор мегардад.

2 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Шӯрои умумироссиягии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” баргузор мегардад.

Шӯрои маҳфил бо дастгирии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия роҳандозӣ гардида, он таҳти раёсати раиси Шӯрои намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Федератсияи Россия Сатторов Имомуддин баргузор мегардад.

 Дар назар дошта шудааст, ки  кори Шӯро роҳбари маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”,  роҳбарони намояндагии маҳфил дар шаҳр, вилоятҳои Федератсияи Россия ва аъзоёни фаъоли маҳфил иштирок менамоянд.

Шӯрои умумироссиягии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар як сол як маротиба баргузор гардида,  дар он вобаста ба тақвияти кори маҳфил дар Федератсияи Россия, амалинамоии нақшаи кори маҳфил ва  тақвияти амалигардонии механизми фаъолияти кори маҳфил мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда намояндагии худро дар 16 давлати дунё таъсис додааст.  Дар Федератсияи Россия намояндагии маҳфил дар заминаи дастгириҳои Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия фаъолият намудаистодааст, ки то кунун намояндагии маҳфил дар беш аз 25 минтақаи Федератсияи Россия таъсис ёфтааст.

Дар кори Шӯро масъалаҳои тақвияти фаъолияти кори маҳфил, ба роҳ мондани  амалишавиии Нақшаи фаъолияти кори маҳфил барои солҳои 2019 -2020, баргузории чорабиниҳои гуногуни адабию маърифатӣ ва оммавию варзишӣ, ҳамзамон як қатор масъалаҳои ҷорӣ мавридӣ баррасӣ қарор дода мешавад.


19.11.2019 Нет комментариев