734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Беҳтаринҳо дар соли 2019 муаян карда мешаванд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷамъбасти соли 2019 бо дастоварду музаффариятҳои навин дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш озмунҳои ҷумҳуриявиро доир менамояд.

Мақсад аз баргузории озмунҳои мазкур дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ, посу гироми доштани дастовардҳои варзишгарон ва мураббиёни онҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун мақомоти салоҳидтдори давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати варзишии кишвар ҳамасола озмунҳои мазкурро бо доираи васеи варзишгарон ва масъулини соҳаи варзиши кишвар доир менамояд.

Имсол аз ҷониби Кумита озмунҳо дар самти варзиш аз рӯи наминатсияҳои “Варзишгари беҳтарини сол – 2019” (беҳтарин варзишгар байни ҷавонон ва калонсолон аз рӯи намудҳои олимпӣ, байни калонсолон аз рӯи намуди ғайриолимпӣ ва байни бонувон), “Беҳтарин дастаи варзишии сол – 2019”, “Мураббии беҳтарини сол – 2019”, “Мактаби варзишии беҳтарини сол – 2019”,  “Беҳтарин Федератсияи миллии варзишии сол – 2019”(аз рӯи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ), “Довари варзишии беҳтарини сол – 2019”, “Беҳтарин иншооти варзишии сол – 2019”, “Шаҳри (ноҳия) беҳтарини варзишии сол – 2019”, “Беҳтарин ВАО дар соҳаи варзиш – 2019”, “Беҳтарини шореҳи варзишии сол – 2019” дар кишвар эълон менамояд.

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то даҳаи аввали соли 2019 ба Кумитаи кор бо ҷавононва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суроға шаҳри Душанбе, кӯчаи Спартивная 6, kjvs.1997@mail.ru,  телефон 2367815, 2363166 ирсол намоянд.


18.11.2019 Нет комментариев