734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Номаи шодбошии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ба волидайни барандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2019 – 2020

Волидайни гиромӣ,

Ман ин номаро ба Шумо бо эҳсоси баланди ифтихор ва арзу сипоси беҳудуд ҷиҳати таълиму тарбияи дурусту мақсадноки фарзандонатон манзур менамоям.

Шароитҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва самараи хуби таълиму тарбия боис гардид, ки фарзандони Шумо аз миёни қариб 2 миллион хонандагон, дар қатори 400 нафар беҳтаринҳо сазовори номи баланду бошарафи “Гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли таҳсили 2019 – 2020 гардиданд.

Ман ҳамчун раиси Кумита бо фарзандони Шумо ифтихор мекунам. Ба ин насли ояндасози кишвар муроҷиат карда пешниҳод менамоям: “Хоҳарону додарони азиз, ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму маърифат бошед, устодон ва падарону модарронро ҳамчун фарзанди содиқ эҳтиром намоед, бо истифодаи шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумат босаводу соҳибкасб шавед ва ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат дар ободии Ватани азиз бо диду назари нек ва ҷаҳонбинии муосиру фаррох саҳмгузор бошед”. Мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, далериву шуҷоат, ватанпарастиву меҳандӯстӣ, раҳму шафқат ва адолатпаноҳии Пешвои миллатро сармашқи зиндагии хеш интихоб кунед ва ҳар як зарра хоку гулу гиёҳи ин Ватани маҳбубро аз самими қалб дӯст доред ва баробари ҷони хеш ҳифз намоед”.

Бо истифода аз ин фурсат, Шумо волидайни муҳтарам ва фарзандону пайвандони Шуморо ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям.

Умедворам, ки мову Шумо минбаъд низ баҳри ободии Ватани азиз ва баркамолии насли наврасу ҷавон саҳми босазо мегузорем.


15.11.2019 Нет комментариев