734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


316 чорабинии варзишӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар 302 чорабинии варзиширо доир менамояд.

Иқдоми мазкур бо мақсади оммавияти варзиш, тарғиби тарғи ҳаёти солим ва пеш аз ҳама ҷонибдорӣ ва пайрави аз сиёсати варзишпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаҳои варзишӣ бо усули деҳа ба деҳа ва дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар бо доираи васеи варзишгарону алоқамандони варзиш доир карда мешавад.

Мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи навъҳои футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот, шашка, гӯштини миллӣ, тарзи озод, юнону румӣ, дзюдо, таэквандо, каратэ, вазбардорӣ, навъҳои гуногуни варзиши сабук, гимнастикаи бадеӣ ва ғарйаҳо доир карда мешавад.


14.11.2019 Нет комментариев