734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Пешвои ваҳдатофари тоҷикон раҳнамо ба сӯи музаффариятҳо

Пагоҳ, дар Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  мизи мудаввар таҳти унвони “Пешвои ваҳдатофари тоҷикон раҳнамо ба сӯи музаффариятҳо” доир мегардад.

Иқдоми мазкур бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллатем” дар якҷоягӣ бо факултети  муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир карда мешавад. Дар кори мизи мудаввар олимон ва муҳаққиқон ва коршиносони соҳа иштирок менамоянд.

Ҳамасола дар кишвар 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон дар сатҳи баланду зарурӣ доир карда шуда, чорабиниҳои мухталиф аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои кишвар доир карда мешавад.


12.11.2019 Нет комментариев