734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022” “Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ” – ро миёни ҷавонони касбу кори гуногун доир менамояд.
Ҷоизаи мазкур ба ҷавононе, ки ҷасорату ҷавонмардӣ ва далериву шуҷоатро нишон додаанд, дода мешавад. Тибқи Низомнома ба шахсони зерин ҷоиза дода мешавад:
– ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ;
– ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар вазъияти барои ҳаёт хатаровар, дар ҳолатҳои шадид, ки бо наҷоти ҳаёти инсон вобаста мебошад (ғарқшавӣ, сўхтор, офатҳои табиӣ ва ғайра);
– ҳифз ва эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз таҳдидҳои ногаҳонӣ, пешгирии амалҳои террористию экстремистӣ ва омилҳои номатлуб;
– барои ҷасорату фидокорӣ, ҳушёрӣ ва ташаббускорӣ ҳангоми боздоштани вайронкунандагони сарҳади давлатӣ, барои кўмаки фаъолона ба кўшунҳои сарҳадӣ дар ҳифзи сарҳади давлатӣ;
– корнамоиҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ки ба ҳаёту саломатии аҳолӣ ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдиди бевосита доранд;
– амалӣ намудани кирдорҳое, ки бевосита бо хавфи аз даст додани ҳаёти шахсӣ алоқаманд буда, бинобар далерӣ, ҷуръат ва нотарсӣ дар ҳолатҳои хатарнок бо мақсади ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ гардидааст.

Ҷоиза ба шаҳрвандони синни 14-35 солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро мутобиқ ба низомномаи Ҷоиза омода намуда, то декабри соли ҷорӣ ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пешниҳод намоянд.

Суроғаи мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная 6, тел:2360117,2361953, 2367815, 907080602, Email:kurbonzoda.m@mail.ru


12.11.2019 Нет комментариев