734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷавонон доир мегардад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавононро таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” баргузор намояд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар кишвар 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, ки имсол Кумита дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллатем” тасмим гирифтааст, ки бо доираи васеи ҷавонони фаъоли кишвар дар саҳни театри давлатии драмавии опера ва балета ба номи С.Айнӣ  ин чорабинии бошукуҳро доир намояд.

Тибқи тартиби муқақаргардида дар кори ҳамоиш кормандони вазорату идораҳои кишвар, ҷавнони фаъоли мамлакат, гирандагони стипендияи Президентӣ, квотаҳои Президентӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок менамоянд.

Пас аз баргузории ҳамоиш барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки чеҳраҳои саршиноси санъати тоҷик доир карда мешавад.


12.11.2019 Нет комментариев