734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Фасли баҳор бо бозиҳои Наврӯзӣ шуруъ мегардад

Дар моҳи марти соли 2019 дар қаламрави кишвар як қатор мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию солмгардонӣ ва омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.

Аз санаи 2 то 3 марти соли 2019 мусобиқаи интихобии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба намудҳои варзиши дастхобонӣ дар ноҳияи Шаҳринав, гӯштини тарзи озод дар шаҳри Ҳисор, гӯштини миллӣ дар шаҳри Турсунзода, таеквадо ВТФ дар шаҳри Ҳисор, гӯштини самбо байни наврасони солҳои таваллудашон 200- 2005 дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт доир мегардад. Дар ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таевкандо байни калонсолон ва ҷавонон (мардон ва бонувон) дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, инчунин баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ од ба тенниси рӯи миз ва футболи хурд миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин мусобиқаҳо дастаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои роҳхат пайдо намудан ба даври ҷумҳуриявӣ миёни ҳам рақобат менамоянд.

Чорабиниҳои мазкур ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз 2019 бахшида шуда, иштироки дастаҳо дар тамоми шуру ноҳияҳои кишвар дар назар дошта шудааст.


28.02.2019 Нет комментариев