734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш

Барномаи зинаи аввали таълимӣ ва тайёрии варзишӣ барои машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва маҳфилҳои беруназдарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Дастури мурабиён барои зинаи аввали таёрии варзиши

Ҷавонон

11.07.2020 Касе, ки ба иштибоҳ роҳ додааст, бахшидан мумкин аст…

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ як давраи гузариши шадидеро аз сар гузаронд, ки дар саҳифаҳои зарҳалини таърихӣ абадӣ ва ҷовидон хоҳад монд.  Ин давраро метавон давраи торикӣ ва зулмот номид ва он аз тарафи баъзе нафароне ба вуқӯъ пайваст, ки ба душманони худ ноандешидаву нодида боварӣ карданду зери нияти разилонаву золимонаи онҳо амалҳои нопокро анҷом доданд.  Ин гуна афрод аз фурсатҳои муносиб истифода бурда, теъдоди зиёди ҷавонмардонро аз роҳ бадар намуданд, нисфи зиёди мардумро куштанд, бештари кӯдаконро аз волидайн ҷудову саргардон ва бепарастор намуданд, дили модарони озурдаву ҷигарсӯз ва чашмони пирону солхӯрдаро ба ашки хун олуда карданд. Қариб тамоми мардум, – тоҷикону […]

10.07.2020 Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 доир гардид

Имрӯз фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ  баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур роҳбарон, кормандони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, ташкилотҳои системаи Кумита, масъулини раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, мудирони Бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои варзишӣ ва директорони марказҳои ҷавонон иштирок доштанд. Дар охири кори ҷаласа баҳри боз ҳам вусъат бахшидани корҳо дар самти татбиқи амалии […]

10.07.2020 Оқибати ҳар гуна “ман – манӣ” ва гумроҳсозиҳо “вой” аст!

Дар рӯзҳое, ки бемории COVID-19 тамоми минтақаҳои дунёро фаро гирифта, пурқудраттарин кишварҳо назди ин маризӣ оҷизу нотавон мондаанд, душманони миллат ба ҷойи он ки ҷиҳати  пешгирии пандемиаи мазкур  кӯмак ва дастгирии худро расонанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ  барои ноором кардани авзои ҷомеа кӯшиш менамоянд. Ҳол он ки ин фоҷеа сангинтарин дилҳоро барои расонидани кӯмак ба гирифторони беморӣ нарм намуда, ба дарду ғами ҷомеа шарикии хешро изҳор медоранд. Зеро ашхоси бохирад ҳамеша кӯшиш бар он доранд, ки тавонмандии худро барои адои амалҳои нек, созандагию бунёдкорӣ ва ободониву некӯаҳволии халқ истифода намоянд. Филми мустанади телевизионии “Хиёнат” бори дигар пардаро аз рӯи хиёнаткориҳои фоҷиабору пурмакри аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо сарварии Муҳиддин […]

10.07.2020 ИРОДА

тамоми бурду бохтӣ мо аз он сарчашма мегирад Ҳатто дар овони наврасӣ мо дарк карда метавонем, ки ҳаёт як роҳи рости бе каму кост нест. Он пур аз шебу фароз, каҷиву ростӣ ва ҳамвориву ноҳамворист. Ҳеҷ имкон надорад, ки як нафар бе фикри зиёдатӣ, бе ғаму ғусса, бе дарду алам, бе мушкилию дармондагӣ, бе мусибат ва амсоли ин зиндагӣ кунад. Агарчанде чанд фисади дигаргун сохтани ҳаёт аз мо бастагӣ дошта бошад ҳам, вале дар худ қонунҳое дорад, ки бидуни хоҳишу дархост ва амали мо ба вуқуъ мепайванданд. Мисли бемории фарзандон, реҳлати наздикон ва ба ҳамин монанд. Дар пайванди ин воқеот, ҳаёт пур аз камиҳо ва холигиҳоеро рӯ ба рӯи мо […]

10.07.2020 Ба оянда бо умед нигоҳ мекунем

Қаҳрамони мо аслан асабшинос аст, аммо имрӯз дар қатори садҳо табибони кишвар ба муқобили COVID-19 мубориза бурда, ба табобати мардум машғул мебошад. То дирӯз мардум дар симои ӯ шояд як табиби одиро медиданд, вале имрӯз ӯро ҳамагон наҷотбахши ҳаёти худ медонанд ва дар ҳар як тавсияи додаи ӯ шифои худро меҷӯянд. Ин бонуи ҷавон Усайнова Мадина, табиб, асабшиноси маркази саломатии ноҳияи Шуғнон аст. Фаъолияти худро ҳамчун духтур баъд аз хатми донишгоҳ дар марказии саломатии ноҳия оғоз намудааст. Вобаста ба вазъияти баамаломада ва амалкарди табибони бадахшонӣ бо ӯ суҳбате кардаем, ки пешкаши хонанда мегардад. – Дар вазъияти имрӯза аксарияти табибон барои саломатӣ ва шояд барои бехатарии худ ва наздикон корпартоӣ намуданд. […]

Варзиш

11.07.2020 Санаи бозиҳои дастаҳои футболи «Истиқлол» бо «Алтин Асир» ва «Дордой» бо «Хуҷанд» муайян шуд.

Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро дар минтақаи Осиёи Марказӣ нашр намуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ, бозиҳои гурӯҳи «D» бо иштироки дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон, «Дордой»-и  Қирғизистон ва «Хуҷанд»-и  Тоҷикистон аз 23  октябр то 4  ноябри соли равон, доир мешаванд. Гуфта мешавад, ки бозиҳои гурӯҳи «D» дар як кишвар баргузор мешаванд. Кишвари мизбон рӯзҳои наздик расман эълон карда мешавад. Федератсияи футболи Тоҷикистон аллакай ба КФО дархост намудааст, ки бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи «D» дар шаҳри Душанбе доир шаванд. Ғолиби гурӯҳи мазкур дар даври нимниҳоии байниминтақавӣ, ки […]

10.07.2020 Варзишгарон пандемияро чӣ гуна паси сар мекунанд?.

Бинобар паҳн гаштани пандемияи коронавирус дар ҳама давлатҳои ҷаҳон вазъи фавқуллода эълон гардид ва мамлакатҳои ҷаҳон сарҳадҳои хешро бастанд. Мавриди зикр аст, ки вобаста ба ҳолати мазкур Бозиҳои олимпӣ ва ҳама навъи мусобиқаҳои варзиширо манъ намуданд. Чунки гузаронидани бозиҳои варзишӣ имкони бештари сироят ва паҳни бемории коронавирус мегардид. Бояд гуфт, ки варзишгарони мо низ бинобар ҳолати мазкур иштирокашон дар бозиҳои варзишӣ ба таъхир афтод. Дар шумораи навбатӣ хостем аз варзишгарони кишвар пурсем, ки давраи пандемияи коронавирусро чӣ гуна паси сар менамоянд ва дар ин давра машғули чӣ корҳоянд. Беҳрӯз Хоҷазода, самбочӣ, дорандаи унвони чемпиони ҷаҳон оид ба самбо: – Шукри Худованд ману наздиконам мубталои каронавирус нашудаем. Вале ҳанӯз аз моҳи ноябри соли […]

10.07.2020 ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври ҷамъбастии марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 10.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври ҷамъбастии марҳилаи аввали лигаи олии Тоҷикистон оғоз мешаванд. 11 июл дастаҳои футболи  «Куктош» бо «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» бо «Хатлон», «Истаравшан» бо КМВА  ва 12 июл «Хуҷанд» бо «Душанбе-83», «Истиқлол» бо «Локомотив-Помир»-и Душанбе  байни  ҳам рақобат мекунанд. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.  Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ  4-5 июли соли равон  баргузор гардида буданд. 4 июл дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе  дар шаҳри Кӯлоб бар дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби калони  4:0  пирӯз шуд. Голҳои дастаи «Истиқлол»-ро дар ин вохӯрии  ҷолиб Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов ва Шериддин Бобоев ба […]

10.07.2020 Мусобиқаи футболи деҳа ба деҳа.

Шурӯъ аз 1 июли соли ҷорӣ  тибқи Нақша – чорабиниҳои  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми манотиқи кишварамон  мусобиқаи варзишии деҳа ба деҳа аз намуди футбол байни наврасону ҷавонон баргузор  гардида истодааст.  Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонон ба варзиш , мустаҳкам наудани дустӣ, пешгири намудани онҳо аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ мебошад. Чунин мусобикаи навбати Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ёвон дар байни деҳаҳои ноҳияи мазкур ташкил ва баргузор гардид.

09.07.2020 ФУТБОЛ. Натиҷаи бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 муайян гардид.

ДУШАНБЕ, 09.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 июли соли равон бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор шуданд. Дар натиҷа дастаҳое, ки ба марҳилаи навбатӣ роҳхат гирифтанд, муайян гардиданд. Ба даври 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои футболи «Равшан»-и Кӯлоб, «Барқчӣ»-и Ҳисор, «Равшан»-и Зафаробод, «Моҳир»-и Ёвон ва «Эсхата»-и Хуҷанд роҳ ёфтанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Бозии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи «Саройкамар»-и Панҷ  ва Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи бозингарони ноҳияи Панҷ анҷом ёфт. Вале дастаи  «Саройкамар»  дар иваз кардани бозингарон қоидаро риоя накарда, чор имконияти иваз кардани футболбозонро дар вақти бозӣ истифода бурд (тибқи қоида […]

Данная рубрика не содержит информаций