734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Қонунгузор

Ҷавонон

06.12.2019 Волонтёрӣ шараф аст, волонтёр мешавем!!!

Ҳамасола дар рӯи олам 5 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии волонтёрон бо баргузории беҳтарин чорабиниҳо таҷлил карда мешавад. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар самти амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамасола бо ба роҳ мондани чорабиниҳои гуногуни илмию адабӣ – оммавию фарҳангӣ ва варзишӣ ин инди шахсони хайрхоҳу ҷавонони содиқи Ватанро сарбаландона таҷлил менамояд. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар саросари кишвар силсисла чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида истодааст. Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи волонтёрон дар ҷамааи сайёҳиву варзишии Сафед – Дара имрӯз бо иштироки коршиносони соҳа, волонтёрони фаъоли […]

06.12.2019 Табрикоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон

Волонтёрӣ василаи хуби муттаҳидсозии насли ҷавон аст Волонтёрӣ – мактаби бузурге дар масири баркамолрасонии ҷавонон   Ҷавонони содатманди кишвар, пайравони асили Пешвои муаззами миллат, дӯстони ҷавону волонтёрони гиромӣ! Бо камоли эҳтиром ва сарфарозӣ ҳамаи Шумо ва дар симои шумо кулли фидоиён-волонтёрони кишварро бахшида ба “Рӯзи байналмилалии волонтёрон” табрику таҳният мегуям. Шумо ифтихори моед! Фаъолияти волонтёрӣ ба шахси комил шудани шумо  – ҷавонон, яъне тарғибкунандагони некию хайрхоҳӣ мусоидат намуда, ҳамчун инсони башардӯст ба камол мерасонад.Пирӯзии одамон бар ҳама гуна мушкилот аз муттаҳидию сарҷамъии онҳо маншаъ мегирад. Парокандагию тафриқандозӣ ба инсонҳо танҳо харобию бадбахтӣ меорад. Аз ин рӯ, ояндаи кишвар ва рушду нумуи он ба ваҳдат, ҳамкорию ҳамбастагии ҷавонон вобастагии қавӣ дорад. […]

04.12.2019 Маросими ҷоизасупории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат

         Имрӯз дар доираи таҷлили  Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар Муассисаҳои давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб” маросими ҷоизасупории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат” доир гардид.         Дар мусобиқаи мазкур 15 дастаҳои футболи ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”, волонтёрони сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилоти системаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамзамон волонтёрони яқ қатор муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ, аз ҷумла дастаи ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”, дастаи волонтёрони “Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи […]

03.12.2019 Аз миллату аз забони худ ёд кунед!

Имрӯз бо ташаббуси волонтёрони фаъоли маҳфили “Адибони ҷавони навқаламу эҷодкор”-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи адабӣ – фарҳангии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким – барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ таҳти унвони “Аз миллату аз забони худ ёд кунед!”дар толори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия бо иштироки васеи шоирону нависандагон, сарояндагону ҷавонони эҷодкор ва аҳли илму адаб, аз ҷумла, Муҳаммад Ғоиб – Шоири халқии Тоҷикистон, Давлатманд Холов, Аслиддин Низомов, Ортиқ Қодир, Сайидалӣ Маъмур ва дигарон баргузор карда шуд.          Дар чорабинии мазкур, зиёда аз 500 нафар ҷавонони касбу кори гуногун ширкат варзида, бо ашъори ин шоири ширинкалом шинос гардиданд.          Лозим ба ёдоварист, ки […]

28.11.2019 Дар Душанбе вобаста ба масъалаи саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва имкониятҳои рушд мизи мудаввар доир гардид

Имрӯз дар толори Кохи Афсарон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони соҳа мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва имкониятҳои рушд” доир гардид. Дар кори мизи мудаввар муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ ва муовини раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва техналогияҳои нав, Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амвол, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумруки назди […]

Варзиш

07.12.2019 Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад.

9 декабри соли ҷорӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҷаласаи рушди тарбияи ҷисмонӣ бо мақсади табиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш роҳандозӣ гардида, фаъолияти солонаи барномаҳои соҳавии варзишӣ дар кишвар ҷамъбаст мегардад. Дар кори ҷаласаи Шӯро Раёсати Шӯро, ки аз роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарону намояндагони мақомотҳои иҷроияи давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои варзишии кишвар аъзо мебошанд, иштирок менамоянд.

04.12.2019 Маросими ҷоизасупории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат.

         Имрӯз дар доираи таҷлили  Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар Муассисаҳои давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб” маросими ҷоизасупории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат” доир гардид.         Дар мусобиқаи мазкур 15 дастаҳои футболи ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”, волонтёрони сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилоти системаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамзамон волонтёрони яқ қатор муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ, аз ҷумла дастаи ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”, дастаи волонтёрони “Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи […]

02.12.2019 Дар Тоҷикистон ташкилоти нави варзишӣ “Федератсияи триатлони Тоҷикистон” таъсис ёфт.

Дар Тоҷикистон ташкилоти нави варзишӣ “Федератсияи триатлони Тоҷикистон” таъсис ёфт ва ҷаласаи интихоботии федератсия 28 ноябр дар шаҳри Душанбе доир гашт. Дар ҷаласа котиби генералӣ ва директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ҳайси меҳмон иштирок карданд. Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо зимни суханронӣ вобаста ба рушди варзиш, аз ҷумла  таваҷҷуҳ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар соҳаи варзиш, хоса намудҳои олимпӣ ва миллии пайваста мусоидати фаъол менамояд. Имрӯз шумо тасмим гирифтед, ки фаъолияти Федератсияи триатлони Тоҷикистонро ҷоннок намоед. Мо ин иқдоми шуморо дастгирӣ менамоем ва […]

26.11.2019 Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс медали тилло ба даст овард.

Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс, ки  дар  Ҷумҳурии Қазоқистон ба хотираи Шокир Болтеулу доир шуд, соҳиби медали тилло гардид. Мусобиқаи байналмилалӣ аз  21 то 24 ноябр  дар шаҳри Актауи  Қазоқистон баргузор шуда, дар он  беш аз 70 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Россия иштирок намуданд. Баҳодур Усмонов дар вазни  63 кг дар даври аввал бар Темирлан Кенирбаев, сипас бар Бағдат Увайдаев, дар нимфинал бар Зокир Сафиуллин ва дар финал бар Эртуган Зайнулинов (ҳама аз кишвари мизбон) ғалаба карда, соҳиби ҷойи аввал шуд. Варзишгари  дигари ҷумҳурӣ Иззатулло Алиев бо вазни 52 кг дар даври аввал аз ҳарифи қазоқаш Куаниш Дуйсебай мағлуб […]

25.11.2019 Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” доир гардид.

Дирӯз дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” бо иштироки беш аз 5000 ҳазор нафар ҷавонону варзишгарон ва сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе доир гардид. Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷогӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои кишвар ташкил карда шуда, дар доираи баргузории чорабинии мазкур аксияҳои тарғиботӣ ташфиқотӣ ба роҳ монда шуд. Новобаста аз номусоидии боду ҳаво ва рӯзи истироҳатӣ шумораи зиёди ҷавонону варзишгарон ва сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе иштироки фаъолона намуданд. Нахуст, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои […]

Данная рубрика не содержит информаций