734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Роҳбарият

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 феврали соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи пурраро дар мактаби рақами 17 ноҳияи Фархор гирифта, соли 2000 ба бахши рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, донишгоҳро соли 2005 бо дипломи аъло аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос – омӯзгор хатм мекунад.

Фаъолияти меҳнатии худро ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналхалқии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳозира Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон) шурӯъ намуда, сипас дар кафедраи  ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳи мазкур то соли 2009 ба ҳайси ассистент ва муаллими калон фаъолият намудааст.

Аз соли 2009 то 2013 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, илм ва маориф, сармутахассиси шуъбаи қонунгузории андоз, гумрук ва фаъолияти бонкӣ ва муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба  муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкорӣ кору фаъолият дошт.

Аз моҳи январи соли 2013 то моҳи августи соли 2017 дар Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати ҳуқуқшинос ифои вазифа кардааст.

Аз моҳи августи соли 2017 то 25 январи соли 2020 ба сифати раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кор мекард.

Аз моҳи январи соли 2020 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 янари соли 2020, №55 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Ҳамзамон аз моҳи июли соли 2015 то инҷониб Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и ҲХДТ мебошад.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи медали “Хизмати шоиста” мебошад.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд.

__________________________________________________________________________________

Назарзода Ризо Шодӣ

Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назарзода Ризо

28 июли соли 1988 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро бо дипломи аъло хатм намуда, соҳиби ихтисоси муаррих, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ гардид.

Айни замон дар бахши чоруми факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (ғоибона) таҳсил намуда истодааст.

Солҳои 2007 – 2013 дар вазифаҳои мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, вакил ва муовини аввали раиси Парлумони ҷавонони Тоҷикистон, муовини роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷавонон”-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият намудааст.

Солҳои 2013 – 2014 ба ҳайси сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст.

Ҳамзамон, солҳои 2010 – 2014 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Аз 21 феврали соли 2014 то 23 январи соли 2017 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2017, №14 ба вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин гардидааст.

Бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2016, № 723 бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 30 декабри соли 2016 бо мукофоти “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз 31 декабри соли 2017, №2.5 бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

__________________________________________________________________________________

Назаров Дилшод Ҷамолиддинович

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳаи варзиш)

Назаров Дилшод

6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

Ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003), ҷойи дуюм дар Бозиҳои Африқоиву Осиё (Ҳиндустон, 2003), ғолиби Бозиҳои I кишварҳои исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005), ҷойи дуюм дар чемпионатҳои Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2005, Урдун, 2007), қаҳрамони Осиё (Чин, 2009, Ҳиндустон, 2013), ғолиби секаратаи Бозиҳои Осиё дар Қатар (2006), Чин (2010) ва Корея (2014), ширкаткунандаи Бозиҳои олимпӣ дар Афина (2004), Пекин (2008), Лондон (2012), Рио – де- Женейро (2016) ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ (2009-2013), рекорди инфиродӣ: 80 метру 31 сантиметр (2013).

Чемпиони Бозиҳои олимпӣ Рио – де – Женейро 2016.

Дорандаи медали Шараф дараҷаҳои 1 ва 2.

Раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2014 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Оиладор, соҳиби cе фарзанд.

__________________________________________________________________________________

Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ахмадзода

23 октябри соли 1989 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бодипломи аъло хатм намуда, соҳиби ихтисоси ҳуқуқшиносӣ гардидааст.

Аз моҳи январ то августи соли 2012 ҳамчун хабарнигори рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” фаъолият намудааст. Сипас солҳои 2012 то 2015  ба ҳайси омӯзгори кафедраи Назария, таърихи давлат ва ҳукуқ ва кафедраи Ҳуқуқи конститутсионии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи август то сентябри соли 2015 дар вазифаи сардори Раёсати рушди туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолият намуда, баъдан аз моҳи сентябри соли 2015 то 23 январи соли 2017 дар вазифаи сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолияти худро идома додааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2017, №15 ба вазифаи муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Ҳамчунин Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, аз соли 2011 то 2013 раиси Шӯрои духтарони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва аз соли 2014 то 2015 ба ҳайси раиси Шӯрои духтарони вилояти Суғд фаъолият бурдааст.

Аз моҳи сентябри соли 2017 ба ҳайси унвонҷӯ дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.

Хатмкардаи курси такмили ихтисоси Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон дар давоми фаъолият бо медалҳои ҷашнии “10 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “90 солагии ДОСААФ” ва аз 31 декабри соли 2017 бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Ҷавонон

27.10.2020 ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОЗ ДАР САФИ МУСАЛМОНОНИ ДУНЁ

Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон дар ҳамдастӣ бо Маркази ҳусни тафоҳуми мусалмонӣ-насронӣ дар Ҷорҷтаун рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид. Таҳқиқот ҳамасола аз соли 2009 нашр мешавад. Дар раддабандии рӯзи 26 октябр нашршудаи The Muslim 500-2021 бори шашум аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода шомил шудаанд. Онҳо дар рӯйхати 450 шахсиятҳои сол пас аз 50-гонаи беҳтарин (ТОП-50) зикр шудаанд. Волоҳазрат Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ (ҷойи 30-юм) – пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки пайравонаш дар Тоҷикистон низ иқомат доранд, низ дар ТОП-50 қарор дорад. Дар садри рӯйхати маъруфтарин ва пурнуфузтарин мусалмонони ҷаҳон имсол президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва пас аз […]

27.10.2020 Кушодашавии мусобиқаи шаҳрӣ оид ба волейбол дар шаҳри Истиқлол

Имрӯз дар шаҳр бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар якҷоягӣ бо шуъбаи маориф мусобиқаи шаҳрӣ оид ба волейбол байни хонандагони муассисаҳои тахлимӣ ва литсейи касбӣ техникии шаҳр ташкил ва баргузор гардид. Дар рафти кушодашавии мусобиқаи мазкур намояндагон хонишҳои сиëсӣ баргузор намуда, оиди масъалаҳои гуногуни ҳаëти имрӯза бо иштирокчиëни мусобиқа суҳбат намуданд. Мусобиқаи мазкур дар шаҳр идома дорад ва аз рафти он дар саҳифаи бахш ҷой дода мешавад. и ещё 2 Одобрить Отклонить

27.10.2020 АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ ДУШАНБЕ…

Дар доираи курси такмили ихтисос барои сардорони Раёсатҳо ва мудирони бахшҳои ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни курси мазкур, ки аз тамоми манотиқи кишвар иштирок доранд экскурсияи дохилишаҳрӣ дар ҷойҳои таърихӣ ва осорхонаҳои шаҳри Душанбе ташкил карда шуд. Ҳадаф аз баргузории экскурсияи мазкур ин муаррифи намудани пойтахи азизамон шаҳри Душанбе ба ҷавонони кишвар мебошад.

27.10.2020 “ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАЙНИ ВОЛОНТЁРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

Дар варзишгоҳи “Душанбе Арена” бо садо додани суруди миллӣ, маросими кушодашавии Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат” оид ба футбол миёни волонтёрони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид! Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва муоивни Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза иштирок ва суханрони намуданд. Пас аз маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур 8 дастаи волонтёрони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат намуданд.

27.10.2020 “КОНСТИТУТСИЯ НИШОНАИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИ МОСТ”

Хушбахттарин давлат давлатест ва саодатмандтарин миллат миллатест, ки Конститутсияи давлатии худро дорад. Зеро Конститутсия кафолатбахши ҳама гуна ҳуқуқу озодиҳо ва соҳибихтиёрии давлату миллат мебошад. Миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҷумлаи хушбахттарин миллатҳоест, ки соҳиби давлат ва Конститутсияи худ мебошад. Имсол 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Пеш аз он ки дар бораи ин санади олии ҳуқуқӣ сухан гӯям, мехоҳам аз таърихи он ҳарфе бигӯям. Дар маводҳои таърихӣ омадааст, ки истилоҳи “конститутсия” решаҳои таърихӣ дорад ва он аз даврони Рими қадим ба мо омада расидааст. Дар он замон ба ин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ санадҳои сиёсию ҳуқуқии императорҳо оид ба муайян намудани сохтори марзию маъмурӣ, давлатӣ ва усулҳои идоракунии давлат амалӣ мегашт. Имрӯз […]

Варзиш

27.10.2020 Кушодашавии мусобиқаи шаҳрӣ оид ба волейбол дар шаҳри Истиқлол.

Имрӯз дар шаҳр бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар якҷоягӣ бо шуъбаи маориф мусобиқаи шаҳрӣ оид ба волейбол байни хонандагони муассисаҳои тахлимӣ ва литсейи касбӣ техникии шаҳр ташкил ва баргузор гардид. Дар рафти кушодашавии мусобиқаи мазкур намояндагон хонишҳои сиëсӣ баргузор намуда, оиди масъалаҳои гуногуни ҳаëти имрӯза бо иштирокчиëни мусобиқа суҳбат намуданд. Мусобиқаи мазкур дар шаҳр идома дорад ва аз рафти он дар саҳифаи бахш ҷой дода мешавад. и ещё 2 Одобрить Отклонить

27.10.2020 “ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАЙНИ ВОЛОНТЁРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”.

Дар варзишгоҳи “Душанбе Арена” бо садо додани суруди миллӣ, маросими кушодашавии Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат” оид ба футбол миёни волонтёрони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид! Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва муоивни Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза иштирок ва суханрони намуданд. Пас аз маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур 8 дастаи волонтёрони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат намуданд.

27.10.2020 “КОНСТИТУТСИЯ НИШОНАИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИ МОСТ”.

Хушбахттарин давлат давлатест ва саодатмандтарин миллат миллатест, ки Конститутсияи давлатии худро дорад. Зеро Конститутсия кафолатбахши ҳама гуна ҳуқуқу озодиҳо ва соҳибихтиёрии давлату миллат мебошад. Миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҷумлаи хушбахттарин миллатҳоест, ки соҳиби давлат ва Конститутсияи худ мебошад. Имсол 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Пеш аз он ки дар бораи ин санади олии ҳуқуқӣ сухан гӯям, мехоҳам аз таърихи он ҳарфе бигӯям. Дар маводҳои таърихӣ омадааст, ки истилоҳи “конститутсия” решаҳои таърихӣ дорад ва он аз даврони Рими қадим ба мо омада расидааст. Дар он замон ба ин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ санадҳои сиёсию ҳуқуқии императорҳо оид ба муайян намудани сохтори марзию маъмурӣ, давлатӣ ва усулҳои идоракунии давлат амалӣ мегашт. Имрӯз […]

27.10.2020 Покдорандаи сиришт.

Инсоният дар тӯли таърих ба дастовардҳои бузурги фарҳангиву илмӣ ноил шудааст, ки ба пешрафти зиндагӣ, саодати мардум ва сарҷамъии халқу миллатҳо мусоидат менамояд. Яке аз ин дастовардҳои башарият варзиш мебошад, ки ба хотири солиму тавоно нигоҳ доштани инсон хидмат мекунад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки варзиш одамонро ба ҳам наздик намуда, ба халқҳо имкон медиҳад, ки ҳамдигарро ҳарчи бештар фаҳманд, омӯзанд ва дарк намоянд. Файласуфи амрикоӣ М. Новак қайд карда буд, ки “Мусоҳилакорӣ нанамудан ба варзиш мазмуни аз даст додани яке аз боигариҳои волотарини миллиро дорад”. Кубертени номӣ, ки Кумитаи бозиҳои олимпиро сарварӣ мекард, варзишро воситаи беҳтарини ташвиқот ва таҳкими сулҳ эътироф намудааст. Хеле хуб аст, ки миллати тоҷик аз […]

Данная рубрика не содержит информаций