6 Sportivnaya street, Dushanbe city, Tajikistan 734002 (+992 37) 2351023; 2367815;

Committee of youth affairs and sports under the Government of the Republic of Tajikistan

Меню


Ба ифтихори Рӯзи Модарон

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ барои соли 2019 ба ифтихори Рӯзи Модарон аз 3 то 7 марти соли 2019 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавндухтарони 16 баргузор мегардад.

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок намуда, баҳри ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат менамоянд.

Даври аввали мусобиқаи мазкур дар сатҳи шаҳру ноҳия ва даври дуюми он дар сатҳи минтақа ва вилоят баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур дӯстӣ байни варзишгардухтарон, рушди ин навъи варзиш миёни занону бонувон ва муайян намудани дастаи мунтахаби кишвар оид ба футболи занона мебошад.


28.02.2019 Нет комментариев