6 Sportivnaya street, Dushanbe city, Tajikistan 734002 (+992 37) 2351023; 2367815;

Committee of youth affairs and sports under the Government of the Republic of Tajikistan

Меню


Ғолибияти Шаҳриёр Ҳабибов дар озмуни байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Аз 23 то 27 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни байналмилалии мусиқинавозон аз рӯи наминатсияҳои гуногун бо иштироки 9 давлати дунё таҳти унвони “Шоҳроҳи Абрешим” баргузор гардид.

Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистонро Шаҳриёр Ҳабибов хонандаи синфи 11-и Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев намояндагӣ намуд.

Шаҳриёр Ҳабибов  бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ аз рӯи наминатсияи асбобҳои торӣ – камонӣ  дар ин озмуни байналмилалӣ мақоми дуюмро касб намуданд.

Мақоми аввалро дар ин озмуни намояндаи  Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мақоми сеюмро намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон касб намуданд.

Шаҳриёр Ҳабибов гирандаи стипендия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2018 – 2019 буда, аз соли 2017 инҷониб волонтёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин замина, номбурда, аъзои Маҳфили доимамалкунандаи “Пайравони Пешвои миллатем”- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ӯ дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, Ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст


27.02.2019 Нет комментариев