6 Sportivnaya street, Dushanbe city, Tajikistan 734002 (+992 37) 2351023; 2367815;

Committee of youth affairs and sports under the Government of the Republic of Tajikistan

Меню

Youth


Ҷоми “Журналистони ҷавон – 2019”: Дастаҳо дар гуруҳҳо муайян гардиданд.

Нимаи дуюми имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  маросими қуръапартоии  мусобиқаи футболи хурд оид ба дарёфти Ҷоми “Журналистони ҷавон – 2019” баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 13 даста дар 4 гурӯҳ барои дарёфти ҷоми “Журналистони ҷавон – 2019” аз санаи 25 феврал то 11 март миёни ҳам рақобат менамоянд. Ҳамин тариқ дар гуруҳи “А”  Телевизиони Сафина Телевизиони Тоҷикистон Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Дар гуруҳи “В” Телевизиони Синамо Радиои “Ватан” Радиои “Имрӯз” Дар гуруҳи “С” Телевизиони Ҷаҳоннамо Телевизиони Футбол Телевизиони Варзиш Радиои Тоҷикистон Дар гуруҳи “D” АМИТ “Ховар” Омӯзгори ҷавон Ба қуллаҳои дониш  ҷой гирифта, миёни ҳам рақобат менамоянд.

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

ТЕРРОРИСТ ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДИН НАДОРАД. Ё худ чаро дар шароити кунунӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва исломро тавъам медонад? Дар ин бора муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов мулоҳиза меронад

Ҳар субҳ рӯзи худро бо азназаргузаронии сомонаҳои хабарӣ дар Шабакаи ҷаҳонии интернет шурӯъ менамоям. Бароям хеле шигифтовар аст, ки ҷангу нифоқ ва куштору террор дар кишварҳои мусулмонӣ дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифта, рӯзе нест, ки ба он иттилои нав илова нашавад. Ба ибораи дигар, имрӯз далели бебаҳс шудааст, ки хатари экстремизм ва терроризм, пеш аз ҳама, ба кишварҳое таҳдид мекунад, ки аксари шаҳрвандони онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд. Муътақидам, ки чунин ҳолат на танҳо банда, балки тамоми мусулмонони аз набзи ҷомеа огоҳро ба ташвиш оварда, нигарон намудааст. Шоҳиди он ҳастем, ки давоми чанд соли охир бархе аз мамлакатҳои мусалмоннишин аз ҷониби баъзе давлатҳо ва доираҳои алоҳида ба майдони ҷанг ва […]

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти судман бо ҷавонони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

20 феврали соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, тибқи нақша чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд вохӯрӣ бо ҷавонони ноҳия оид ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабери соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, баргузор гардид! Тибқи иттилои хабарнигори рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Шодмон Нурматов дар чорабинии мазкур намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Ҳакимов Нозимҷон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Зафаробод Авезов Беҳзод иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар доираи мулоқот оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои […]

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ доир мегардад

Пагоҳ дар Кохи Афсарони Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26 солагии таъсисёбии Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва нигоҳдошти амну субботи ҷомеа” баргузор мегардад. Иқдоми мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ карда шуда, дар он намояндагони вазорату идораҳои қудратӣ, собиқадорони соҳа ва ҷавонони фаъол ширкат меварзанд.

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Фестивали ҷумҳуриявии “Таронаи сарбоз”

Бо  ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз» баргузор гардид. Фестивали мазкур  ба 26-умин солгарди Рӯзи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бахшида шуда, дар он сарбозону афсарони қисмҳои низомии кишвар бо сурудҳо дар васфи Ватан, модар, ҷавонӣ ва ишқ баромад намуданд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода сарбозону афсарони қисмҳои низомиро  бо 26-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ  муборакбод намуда, зикр кард, ки Артиши миллии Тоҷикистон  дар замонҳои начандон тӯлонӣ бо заҳматҳои шабонарӯзии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи тавоно ва қувваи бузурге […]

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5