6 Sportivnaya street, Dushanbe city, Tajikistan 734002 (+992 37) 2351023; 2367815;

Committee of youth affairs and sports under the Government of the Republic of Tajikistan

Меню

President


Тасдиқи халтачаҳои наврӯзӣ аз ҷониби Пешвои миллат

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои халтачаҳои наврӯзӣ тасдиқ гардиданд. Халтачаҳои наврӯзӣ, ки барои тӯҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун таҳия карда шуда, дар онҳо рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтаанд. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо метавонанд ба корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ ҷиҳати омода кардани халтачаҳо аз матоъҳои гуногун, коғазҳои ранга, картон, халтачаҳои полиэтиленӣ ва дигар навъҳои матоъ дастур диҳанд, ки намудҳои мухталифи халтачаҳоро дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омода намоянд. Дар рӯзҳои Иди байналмилалии Наврӯз сокинони кишвар метавонанд барои гирифтани тӯҳфа аз он истифода кунанд. […]

22.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ангораи «Наврӯз – 2019» тасдиқ шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2019 ангораи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд. Ангораи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2019» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз ангораи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2019» васеъ истифода намоянд. Ангораи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2019» (дар формати JPEG) Ангораи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2019» (дар формати CDR)

22.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

20 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XIX Шӯро баргузор гардид. Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо дар самти васеъ истифода бурдани иқтидорҳои энергетикӣ дар соҳаҳои  гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа, беҳтаршавии мавқеи кишвар дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”, таҳияи санади меъёрию ҳуқуқӣ оид ба тартиби арзёбии самаранокии имтиёзҳои мавҷуда, тақвият бахшидан ба раванди ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муосиргардонии хизматрасонӣ ва танзими давлатии соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд. Оид ба масъалаи […]

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ

20 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и давлатӣ мулоқот карданд. Дар мулоқот роҳбарони шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, кормандони эҷодию техникии телевизиону радиоҳои ҷумҳурӣ, сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳои давлатӣ, ҳафтаномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, намояндагони хадамотҳои матбуотии вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатии кишвар иштирок карданд. Ҳадафи вохурӣ натиҷагирии фаъолияти Васоити Ахбори Омма дар ҷомеаи муосир ҳамчун фишанги асосии тарғиби сиёсати давлату ҳукумати кишвар ва баррасии сатҳу сифати барномаҳои телевизиону радиоҳои давлатӣ ва матбуоти даврӣ буд, ки зимни баромади худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ оид ба бурду бохти кори соҳа, ислоҳи камбудиҳо […]

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

20 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XIX Шӯро баргузор гардид. Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо дар самти васеъ истифода бурдани иқтидорҳои энергетикӣ дар соҳаҳои  гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа, беҳтаршавии мавқеи кишвар дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”, таҳияи санади меъёрию ҳуқуқӣ оид ба тартиби арзёбии самаранокии имтиёзҳои мавҷуда, тақвият бахшидан ба раванди ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муосиргардонии хизматрасонӣ ва танзими давлатии соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд. Оид ба масъалаи […]

20.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3