6 Sportivnaya street, Dushanbe city, Tajikistan 734002 (+992 37) 2351023; 2367815;

Committee of youth affairs and sports under the Government of the Republic of Tajikistan

Меню

News


Варзиш ба пеш гузашт

Имрӯз дар гурӯҳи “С” баҳри дарёфти Ҷоми “Журналистони ҷавон – 2019” бози байни дастаҳои телевизиони “Варзиш” ва телевизиони “Футбол”  баргузор гардида, дастаҳо рақобатҳои ҷолибро нишон доданд. Дастаи телевизиони “Варзиш” дар нимаи аввали  бозӣ ҳисобро ба фоидаи дастаи хеш кушода, пайваста ҳуҷумҳо менамуд. Дастаи телевизиони “Футбол” дар нимаи дуюми бозӣ ба ҳамла гузашта, вале мутаассифона ноком мегардиданд.  Дар натиҷа ҳисоб бар фоидаи телевизиони “Варзиш” 4:3 ҷамъбаст гардид. Пагоҳ дастаҳои телевизиони “Сафина” бо рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва дастаи телевизиони “Синамо” бо дастаи  радиои “Имрӯз” миёни ҳам рақобат менамоянд.

28.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Машғулиятҳои амалиявӣ дар доираи Маҳфили “Пайравони Пешвои миллатем”

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо ташаббуси аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллатем” – и назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб машғулиятҳои назарявӣ ҳар ҳафта бо доираи васеи ҷавонон доир карда мешаванд. Ин ҳафта машғулият аз фанни химия роҳандозӣ гардида, ба шунавандагон вобаста ба элементҳои химиявӣ, реаксияҳои химиявӣ дар шакли назарявӣ ва амалӣ маълумот дода шуд. Иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби ҷавонону наврасон ба азхуднамоии илмҳои дақиқ роҳандозӣ карда шуда истодааст.

28.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи зимистона иштирок мекунанд

2-12 март дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия бо сарпарастии Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) 29-ум Универсиадаи зимистона доир мегардад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ иштирок мекунанд. Тавре Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад, дар ин чорабинии варзишӣ донишҷӯёни 17-25-сола аз тамоми ҷаҳон имкони иштирок доранд. Донишҷӯ-варзишгарон барои 76 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 11 намуди варзиш мубориза мекунанд: биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронӣ, сноуборд, ҳадафгирии варзишӣ бо лижа, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей, хоккей бо тӯб, шорт-трек. Дар Универсиада иштироки беш аз 3000 варзишгар аз 50 давлати дунё дар назар аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар – 4 варзишгар (Садолати Ибодулло, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназар Соҳибов, Баракатулло Зокиров) бо […]

28.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Чемпионати вилояти Суғд оид ба гӯштини тарзи озод доир гардид

Аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд чемпионати вилояти Суғд оид ба гӯштини тарзи озод дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид. Дар чемпионати мазкур дастаҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилот дар ҳамаи вазнҳои стандартӣ иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуданд. Дар мусобиқа 100 нафар варзишгар ширкат варзида, ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

28.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ба ифтихори Рӯзи Модарон

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ барои соли 2019 ба ифтихори Рӯзи Модарон аз 3 то 7 марти соли 2019 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавндухтарони 16 баргузор мегардад. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок намуда, баҳри ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат менамоянд. Даври аввали мусобиқаи мазкур дар сатҳи шаҳру ноҳия ва даври дуюми он дар сатҳи минтақа ва вилоят баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуданд. Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур дӯстӣ байни варзишгардухтарон, рушди ин навъи варзиш миёни занону бонувон ва муайян намудани дастаи мунтахаби кишвар оид ба футболи […]

28.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 14