6 Sportivnaya street, Dushanbe city, Tajikistan 734002 (+992 37) 2351023; 2367815;

Committee of youth affairs and sports under the Government of the Republic of Tajikistan

Меню


“ЧЕМПИОНАТИ КУШОД ОИД БА ФУТБОЛ ДАР АРАФАИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ТОҶИКИСТОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД”

ЧЕМПИОНАТИ КУШОД ОИД БА ФУТБОЛ ДАР АРАФАИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ТОҶИКИСТОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД.
08.08.2020 ш.Душанбе
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оиди пешгири намудани ҷавонон аз сигоркашӣ, аъзо шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ҳар гуна корҳои ношоям ва рушди варзиш дар пойтахи азизамон, бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар “Душанбе Арена” Чемпионати кушод оид ба футбол миёни наврасону ҷавонон санаи 8 июли соли ҷорӣ ифтитоҳ гардида буд.
Дар арафаи Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон чемпионати мазкур ҷамъбаст гардида, дар маросими ҷамъбастии Чемпионат сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод ва дигар масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ширкат варзиданд. Дар Чемпионати мазкур 24 даста миёни сину соли аз 15 то 18 сола давоми як моҳ миёни худ рақобат намуданд. Ғолибон ва ҷоизадорони Чемпионат бо кубок, диплом, медал ва ифтихорномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.


08.08.2020 Нет комментариев