6 Sportivnaya street, Dushanbe city, Tajikistan 734002 (+992 37) 2351023; 2367815;

Committee of youth affairs and sports under the Government of the Republic of Tajikistan

Меню


“ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН”

 Собиқадорону варзишгарони арҷманд, масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мураббиёни варзиш ва мухлисону дӯстдорони варзиши тоҷик.

Қаблан бо истифода аз фурсати муносиб Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро бо ҷашни «Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон» муборакбод менамоям.

Боиси ифтихор ва шарфмандӣ аст, ки дар Тоҷикистони азиз ҳамасола санаи 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

         Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дар баробари ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситањои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст. Инчунин варзиш омили муњими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон мебошад.

Дар рушду нумӯи ҳар давлат соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муҳим буда, фаъолият дар ин соҳа далериву мардонагӣ, ҳушёриву зиракӣ, покиву озодагӣ ва садоқатмандӣ ба миллату ватанро тақозо менамояд.

         Дар шароити имрӯзаи рушд ва дар доираи татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим инъикос меёбад, рӯ овардан ба варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон гардидааст.

Қобили қайд аст, ки мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд доштанд.

Гузаштагони мо барои беҳдошти саломативу нерӯи ҷисмонӣ ва ҳамеша омода будан ба дифои марзу бум ва мардуми хеш усулҳои гуногуни варзиш, амсоли давидану ҷаҳидан, найзапартоиву шамшерзанӣ, гурзпартоиву камонварӣ, аспдавонию чавгонбозӣ, гӯштину шиноварӣ ва дигар навъҳои варзишро инкишоф медоданд.

Онҳо ҷавононро ба хотири тавоноии маънавию ҷисмонӣ аз овони кӯдакӣ барои иҷрои машқҳои гуногуни варзишӣ омода месохтанд. Ин анъанаи нек то замони мо омада расидааст.

Дар замони муосир ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, он барои беҳдошти генофонди миллат арзиши калон дорад.

Тавре маълум аст варзиш қосиди сулҳ ва ваҳдати миллатҳо ба ҳисоб рафта, он беҳтарин воситаи таҳкими дӯстӣ ва якдилӣ ба ҳисоб меравад.

Боиси ифтихор ва шарафмандӣ аст, ки варзишгарони тоҷик дар қатори ҳазорон шаҳрвандони ба нангу номуси Тоҷикистон имрӯзҳо дар ин соҳа хизматҳои шоиста намуда, баҳри баланд гардидани нуфузу эътибор ва шарафи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Солҳои охир варзишгарони кишварамон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистони озодро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Имрўз тамоми мардуми кишвар аз пирӯзиву комёбиҳои варзишгарону паҳлавонон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла медалҳои олимпӣ ва дигар мукофоту дастовардҳои назарраси онҳо ифтихор доранд.

Боиси тазаккур аст, ки таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсадноку пайваста баҳри машғул шудани наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва ба ин хотир муҳайё намудани шароитҳои созгори инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсати хирадмандона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳ ва манзалати мувофиқро касб намудааст.

Маҳз, ғамхориҳои варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат боиси устуворгардии базаи моддию техникӣ барои оммавигардонии варзиш ва омода намудани варзишгарони касбии сатӣи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ гардид.

Расман ифтитоҳ гардидани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе, тӯҳфаи беназир барои варзишгарон ва мо масъулини соҳа маҳсуб меёбад, зеро чунин шароитҳо барои омода намудани варзишгарони касбӣ ва ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳои бонуфӯзи сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Давраи оғози рушдёбии соҳаро ба соли 2010 рабт додан мумкин аст. Чун дар ҳошияи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010 дар мулоқот бо варзишгарони кишвар ба масъулини соҳа боиси устуворгардии базаи моддию техникӣ барои оммавигардонии варзиш ва омода намудани варзишгарони касбии сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ гардид.

Дар ин давра зиёда аз 2550 адад иншоотҳои асосии варзишӣ сохта шуда, зиёда аз 2000 адад иншоотҳо таъмиру таҷдид гардидаанд, ки барои пешрафти соҳа нақши муҳимро мебозанд.

Танҳо дар шаҳри Душанбе дар ин давра як қатор маҷмааю толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ин барои ҷалби ҳарчӣ бештари аҳолии пойтахт ба таҳкими тарзи ҳаёти солим хизмат намуда истодааст.

Яке аз иқдомҳои наҷиби сарвари кишвар барои дастгирӣ ва ҳавасмандии варзишгарон таъсиси “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” мебошад, ки то имрӯз 6 маротиба бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 180 нафар варзишгарон бо Ҷоизаи ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ сарфароз гардонида шудаанд, ки ҳаҷми умумии маблағи ҷоизапулӣ 3 792 500 (се миллиону ҳафтсаду наваду ду ҳазору панҷсад) сомониро ташкил медиҳад ва маблағҳои мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки тайи 3 соли охир зери роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали бозињои миллии варзишӣ баргузор гардида, он ҳамчун воситаи муҳими эҳё ва рушди маҷмӯи бозиҳои миллии варзишӣ баромад менамояд.

Қобили қайд аст, ки эҳё намудани намудҳои миллии варзиш аз ҷониби аҳолӣ хуб пазируфта шуда, дар рафти баргузории чорабиниҳо бештар наврасону ҷавонон бо мақсади ба таърих, фарҳанг, расму оийн ва анъанаву суннатҳои тоҷикона баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ аз арзишҳои миллӣ, ҳамзамон, тарғибу ташвиқ ва тақкими тарзи ҳаёти солим рӯ меоварданд.

Бо мақсади таъмини тарзи ҳаёти солим ва пешгирии амалҳои номатлуб бахусус миёни наврасону ҷавонон дар асоси банди 3 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён гардидаанд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2013, №264), Паёмҳои ҳамасолаии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҷурии Тоҷикистон, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” ташкил ва баргузор гардида истодаанд.

Ҳамзамон, ҳамасола бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни наврасону ҷавонон, дар доираи таҷлили иду ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ аз ҷониби Кумита ва сохторҳои маҳаллии он дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои мухталифи оммавӣ – варзишӣ дар сатҳи баланди касбӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

Инчунин, соли 2020 бо мақсади боз ҳам ҷалби бештари наврасону ҷавонони сатҳи маҳал тибқи нақшаи кории Кумита мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар чор марҳила ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи нақшаи болозикр зиёда аз 6 ҳазор чорабиниҳо дар сатҳи маҳал бо ҷалби ҷавонони деҳаҳо ва маҳаллаҳо баргузор карда мешаванд.

Бори дигар бо самимияти бепоён Шуморо ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ва 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ муборакбод гуфта, бароятон бурдбориву комёбиҳои беназир таманно дорам.

Ҳамеша сарбаланду дастболо бошед!


07.08.2020 Нет комментариев