6 Sportivnaya street, Dushanbe city, Tajikistan 734002 (+992 37) 2351023; 2367815;

Committee of youth affairs and sports under the Government of the Republic of Tajikistan

Меню


Ангораи «Наврӯз – 2019» тасдиқ шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2019 ангораи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.

Ангораи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2019» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз ангораи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2019» васеъ истифода намоянд.

Ангораи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2019» (дар формати JPEG)

Ангораи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2019» (дар формати CDR)


22.02.2019 Нет комментариев