734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Тамос

Мувофиқи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падар, суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда зикр нашудаанд ва ё ин маълумотҳо ба воқеият мувофиқ нестанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

Номи Шумо*

Ҷои кор*

Кишвар*

Шаҳр, ноҳия, деҳа*

Кӯча, бино, хона*

Рақами телефон*

Email-и Шумо*

Мавзӯъ*

Матн*

captcha

Ҷавонон

25.02.2020 Курси омӯзишии “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” идома дорад

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курси омӯзишии “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Дилноза дар мавзӯи “Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва дурнамои ин соҳаи афзалиятнок” ба ҷавонони касбу кори гуногун аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дарси намунавӣ гузарониданд. Дар воқеъ имрӯз ҷавонони мо бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои мухталифи ҷомеа фаъолона кору фаъолият намуда барои татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар саҳми арзанда мегузоранд-қайд намуданд зимни машғулияти таълимӣ Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ Дар идомаи курси омӯзишии […]

25.02.2020 ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАНҒАРА БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дуввумин Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷиро таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поняда бод” санаи 18 марти соли 2020 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон доир менамояд. Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ соли дувум аст, ки аз ҷониби маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир карда шуда, дар соли 2019 дар фестивали мазкур намояндагони беш аз 12 давлати дунё иштирок намудаанд. Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис дода […]

25.02.2020 Аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Ҷавонон-Паём-Интихобот-Манфиатҳои миллӣ”

Интихобот яке аз унсурҳои асосии давлати демократӣ ба ҳисоб меравад. Аз замони аввали соҳибистиқлолии кишвар интихобот вазифаи беҳтар намудани ҳокимияти халқ ва ҳимояи манфиатҳои ҷомеаро иҷро намудаасту менамояд. Дар љомеаи имрӯза нақши интихобот басо ҳалкунанда буда, барои ҳар як инсони солимфикр вазифаи асосии шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Иштирок ва саҳм гузоштан дар ин маъракаи сиёсӣ- саҳм гузоштан дар амалишавии ҳадафҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин мафҳуми волоро дарк намуда  ҷавонони фаъоли ноҳияи Файзобод таҳти шиори “Ҷавонон-Паём-Интихобот-Манфиатҳои миллӣ” аксияи тарғиботи барузор намуданд. Дар ин аксия ҷавонон брашюраҳои махсус, ки дар онҳо маълумоти мухтасар дар бораи рафти интихобот дарљ гардида буд, ба сокинон тақсим намуданд. Ҳадаф ва мақсад аз баргузор намудани […]

25.02.2020 Мусобиқаи “Ватанпарвар” дар ноҳияи Сангвор

Пос доштани Ватан ва ҳифзи марзу буми он қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди кишвар ба шумор меравад. Хизмат ба Ватан ва ҳимояи дастоварду муқаддасоти миллии он шараф ва ҳифзи нангу номуси миллӣ ба шумор рафта, ҳар як шаҳрванди кишвар, алалхусус ҷавононро водор месозад, ки барои чунин ҷасоратмандӣ камари ҳимат бубанданд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҷавонмардони ҷасуру шуҷои мо имрӯзҳо кушиш менамоянд, то ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи кишвар дохил гардида, марзу буми меҳанро ҳимоя намоянд. Ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва  худшиносиву худогоҳии ҷавонон, бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор мусобиқаи ҳарбӣ- варзишӣ таҳти унвони “Ватанпарвар” баргузор гардид. Бояд […]

22.02.2020 Табрикоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бахшида ба 27 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарбозону афсарони шуҷои Ватан ва ҷавонони саодатманди диёр! Пеш аз ҳама бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми ҳайати шахсӣ ва афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори 27 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям. Бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст. Дар кишвари мо бошад, зимни амалӣ намудани ин мақсадҳои наҷиб ва корҳои муҳиму шоиста нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам […]

Варзиш

25.02.2020 Мусобиқаи “Ватанпарвар” дар ноҳияи Сангвор.

Пос доштани Ватан ва ҳифзи марзу буми он қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди кишвар ба шумор меравад. Хизмат ба Ватан ва ҳимояи дастоварду муқаддасоти миллии он шараф ва ҳифзи нангу номуси миллӣ ба шумор рафта, ҳар як шаҳрванди кишвар, алалхусус ҷавононро водор месозад, ки барои чунин ҷасоратмандӣ камари ҳимат бубанданд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҷавонмардони ҷасуру шуҷои мо имрӯзҳо кушиш менамоянд, то ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи кишвар дохил гардида, марзу буми меҳанро ҳимоя намоянд. Ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва  худшиносиву худогоҳии ҷавонон, бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор мусобиқаи ҳарбӣ- варзишӣ таҳти унвони “Ватанпарвар” баргузор гардид. Бояд […]

25.02.2020 ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ ДАР СОЛИ 2020.

Бо мақсади таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ, рушди намудҳои миллии варзиш, ҳамзамон таъмини солимии миллат, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон якчоягӣ бо мақомотҳои дахлдор  Фестивали бозиҳои миллии варзиширо бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар соли ҷорӣ баргузор менамоянд. Ёдовар бояд шуд, ки Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз соли 2016 инҷониб баргузор мегардад ва он марҳила ба марҳила давом ёфта маросими ҷамъбастии он дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд бо фарогирии васеи варзишгарону ҷавонони кишвар доир карда мешавад. Мавриди зикр, ки тибқи таҳлили коршиносон ва мутахассисони намудҳои миллии варзиш, Фестивали бозиҳои […]

24.02.2020 Мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.

Бо мақсади тарғиби васеи тарбияи ҷисмонӣ  ва варзиш дар деҳоти кишвар ва ҷалби ҷавонону наврасони деҳот ба футбол, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни ҷавонону наврасони деҳот ва дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 март то ноябри соли 2020 мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар чор марҳила баргузор менамояд. Санаи оғози марҳилаи якуми мусобиқа дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, ташкилоту муассисаҳо 1 марти соли 2020 муайян карда шуда, бахшида ба […]

22.02.2020 Табрикоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бахшида ба 27 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сарбозону афсарони шуҷои Ватан ва ҷавонони саодатманди диёр! Пеш аз ҳама бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми ҳайати шахсӣ ва афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори 27 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям. Бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст. Дар кишвари мо бошад, зимни амалӣ намудани ин мақсадҳои наҷиб ва корҳои муҳиму шоиста нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам […]

18.02.2020 ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ЛИЖАРОНӢ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД.

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассостсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзишӣ дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2020 аз санаи 15 то 16 феврали соли 2020 дар базаи лижаронии “Сафед – Дара” мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронӣ байни наврасон (духтарон, писарон) доир гардид. Дар ин мусобиқа 6 даста бо иштироки 68 нафар варзишгар аз рӯи барномаи слаломи махсус (хурд) ва слаломи гигант (калон) миёни ҳам рақобат намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар натиҷа аз рӯи слаломи махсус (хурд) миёни писарон байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2003 – 2004 мақомҳои ифтихориро касб намуданд: […]

Данная рубрика не содержит информаций