734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ МАШҚҲОИ ТАЪЛИМӢ – ВАРЗИШӢ ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади омода намудани варзишгарони пойтахт ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе машқҳои таълимӣ – варзишӣ оид ба волейбол бо иштироки дастпарварони муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии #5 шаҳри Душанбе оид ба бозиҳои варзишӣ бо маром идома дорад. Ҳадаф аз баргузории чунин тамринҳо омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ маҳсуб меёбад.

23.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА ДАР НОҲИЯИ ШУҒНОН

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон ва наврасон ва оммавӣ гардонидани варзиш тибқи Нақша – чорабиниҳои  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шуғнон мусобиқаи футболи деҳа ба деҳа ташкил ва баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур ҷавонону  наврасони синну соли гунонгун иштирок намуда, аз худ маҳорати баланди варзиширро нишон доданд. Лозим ба заикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур , ки дар ҷамоати деҳоти Сучон баргузор гардид, ҷойи сеюм дастаи Рахмонобад, чойи дуюм дастаи Даштак, чойи 1 дастаи Боғев сазовор гардиданд.Ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома ва медалҳои таҳиягардидаи  Бахши кор бо чавонон ва варзиши нохия қадрдонӣ гардиданд.  

23.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

ҶАВОНОН, ИНТИХОБОТ, ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ!

Идомаи сӯҳбату мулоқотҳо пеш аз оғози озмуни стипендияи Президентӣ бо довталабони озмун ва волидайни онҳо дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва хонишҳои сиёсӣ таҳти унвони “Ҷавонон, Интихобот, Паём ва манфиатҳои миллӣ”. Зимни баргузории сӯҳбату вохурӣ оид ба баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон, тарбияи ватандустӣ ва дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, пешгири ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҳамзамон даъвати ҷавонон барои адо намудани хизмати ҳарбӣ сӯҳбату дастурҳои мушаххас дода шуд.

23.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

“ҶАВОНОН, ИНТИХОБОТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ” ДАР НОҲИЯИ Ҷ. БАЛХӢ

Ҷ.БАЛХӢ.  Дар толори муассисаи давлатии мактаби варзишӣ ва толори варзишии хусусии Баротов С. мулоқоти масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷавонони кӯчаҳои Сино, Ҷомӣ, Бобоҷонов ва деҳаҳои Ёшленинчӣ, Ғалаба, Зархез ва Ленини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Балх ва Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мавзӯи “Овози ҷавонон дар интихобот ҳалкунанда аст” миёни ҷавонони 17-18 сола баргузор карда шуд. Дар вохӯри масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия оид ба моҳият ва муҳимият доштани ширкат дармаъракаи муҳими сиёсӣ Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои 29 соли соҳибистиқлолӣ, ки он дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу содиқ ба миллату давлат ба даст оварда шудааст суханронӣ […]

23.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

ЭЙ БУХОРО ШОД БОШУ РӮДАКИРО ЗИНДА ДОР

 санаи 22.09.2020 аз ҷониби аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и назди раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади эҳтиром гузоштан ба гузаштагон ва сипоси хотири бузургон ба пайкараи маликушуаро, устоди шоирони форсизабонони аҷам, сардафтари адабиёти класикии тоҷику-форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ аз тарафи аъзоёни маҳфил гулчамбар гузошта шуд.

23.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 5 6 7 8 9 450