734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Дар Кӯлоб бо ҷавонон вохӯрии судманд доир гардид

Имрӯз дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, худкушӣ, нагаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ вохурии судманд доир гардид. Иқдоми мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳандозӣ гардида, дар он сардори Раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумита Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

22.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Рақобат барои дарёфти унвони “Донишҷӯи сол – 2019” оғоз гардид

Рақобат барои дарёфти унвони “Донишҷӯи сол – 2019” миёни беҳтарин донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олиии кишвар имрӯз дар маркази пойтахти ҷумҳурӣ расман оғоз гардид. Рақобати донишҷӯёни Тоҷикистон барои дарёфти ин унвон муддати ду рӯз идома намуда, дар рӯзи аввал комиссияи ҷумҳуриявӣ маҳорати эҷодкории донишҷӯёнро месанҷанд. Дар нахустин рӯзи рақобат донишҷӯён  иншои озод вобаста ба мавзӯъҳои муҳими ҷомеа навишта, дар рӯзи дуввум қобилияту истеъдод ва донишу маҳорати онҳо санҷида мешавад. Озмуни “Донишҷӯи сол -2019” дар се мариҳила доир гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуданд. Омзмуни мазкур дар қаламрави кишвар аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуда, ғолиби озмун бо шоҳҷоиза ва диплом […]

22.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо гирандагони стипендияҳои Президентӣ

Нимаи дуюми имрӯз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо гирандагони стипендияҳои Президентӣ дар шаҳри Душанбе  мулоқот намуданд. Зимни мулоқот зикр намуданд, ки таъсиси стипендияи Парезимдентӣ барои ҳавасманд намудани насли ҷавони кишвар  ва ташаккул додани ҳунару мазорат ва истеъдоди фитрии насли ҷавон заминагузорӣ намуда, намунаи олии таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар мебошад. Шумо аз гирандаи стипендияи Президентӣ буданд ифтихор намоед, зеро ин унвон ба ҳар кас муясар намегардад. Айни замон гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ бо маблағи 460 сомонӣ идропулӣ мегиранд дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои […]

21.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин муайян гардиданд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Пешвои миллат  поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат”- ро  минёи ҷавонони касбу кори гуногун  эълон намуда, бо пешниҳоди мақолаҳои  илмӣ – публисистӣ озмуни мазкур дар асоси ҷамъбасти кори комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид. Тибқи иттилои комиссияи ҷумҳуриявӣ ба озмуни мазкур зиёда аз 132 адад мақолаҳо ба унвони Кумита ворид гардида, дар натиҷаи кори комиссия 3 нафар барои гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ва 12 нафари дигар бо сипосномаи Кумита сарфароз шарафёб гардиданд. Ҳамин тариқ, дар озмуни мазкур Мирсаид Сатториё – донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо тасвири беҳтарин ва гуворотарин лаҳзаҳои ҳаёти Пешвои муаззами миллат, ҷонфидоиву корнамоиҳо ва  талошҳои […]

21.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Донишҷӯи сол 2019” – муайян мегардад

Ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол” доир карда мешавад. Дар соли 2019 озмуни мазкур дар марҳилаи аввал бо доираи васеи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилотӣ олии касбӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ доир карда шуда, даври дуюми он низ бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ, илмию адабӣ доир карда шуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуданд. Озмуни мазкур дар даври дуюм бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи баланду зарурӣ доир карда шуда, ғолибони даври дуюм аз ҷониби Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиши вилотяҳои кишвар бо сипоснома ва туҳфаҳои пулию молӣ қадрдонӣ гардиданд. […]

21.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 3 4 5 6 7 259