734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Муроҷиатномаи Аъзоёни маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта

Муроҷиатномаи Аъзоёни маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта вобаста ба амали хиёнаткоронаи Назарзода Абдуҳалим  Ҳамватанони азиз! Мо, ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта бо шиносоӣ аз изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон амали хиёнаткоронаи Назарзода Абдуҳалимро қотеъона маҳкум намуда, бо шукргузорӣ аз ин диёр, пойдории сулҳу ваҳдат, шароити мусоид аз таҳсили пурмаҳсул дар хориҷи кишвар ва аз дастгириву таваҷҷӯҳи Ҳукумути Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса, Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу шукргузорӣ менамоем. Мо, ҷавонони тоҷик аз таҳсил дар дигар давлат ба хуби дарк менамоем, ки шаҳди озодиву ободӣ ва мустақтлияту пойдории миллат чи қадар арзишу муқаддасоти волост. Маҳз ин имкониятро ба мо пешвои созгору дурандеш Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ҳадя […]

08.09.2015 Нет комментариев Читать далее>

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ

Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази фарҳангии ҷавонон – “Ориённо” чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинӣ устодону донишҷӯён, варзишварон ва доираи васеи ҷавонон иштирок намуданд.  Дар оғоз нахуст Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода суханронӣ карда, ҳамаи иштирокчиёнро бахшида ба 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Таъкид карда шуд, ки Истиқлолият неъмати бебаҳо буда, тавассути он миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Ҳамзамон, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар чорабинии тантанавӣ  масъулин роҷеъ ба муҳимияти Истиқлолият ва дастовардҳои бадастомада дар ин […]

08.09.2015 Нет комментариев Читать далее>

Конфронси ҷумҳуриявӣ: «Нақши созандаи ҷавонон дар раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳкими Истиқлолияти комил»

Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши созандаи ҷавонон дар раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳкими  Истиқлолияти комил» бо иштироки 80 нафар олимону муҳаққиқони ҷавони ҷумҳурӣ  баргузор гардид. Дар конфронс Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ширкат варзида, роҷеъ ба дастовардҳои олимони ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуданд. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо теъдоди зиёди ҷавонон дар пайи навиштани рисолаҳои илмӣ, таҳқиқотҳои илмӣ, ба майдони илму маърифат овардани китобҳои беназир барои насли имрӯзу фардои сарзамини маҳбубамон нақши бағоят арзанда доранд. […]

07.09.2015 Нет комментариев Читать далее>

Изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мардуми шарафманди тоҷик Ҳамдиёрони  азиз! Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон зодда ва парвардаи даврони соҳибистиклолии кишвар, ба ирода ва матонати миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик эътимоди қавӣ дошта, рафтори хиёнаткорона ва ноҷавонмардонаи хоини миллат ва носипоси он Назарзода Абудҳалим (Хоҷӣ Ҳалим)- ро сахт махкум намуда,  ҳамагонро ба бетараф набудан нисбат ба арзишҳои миллӣ, Истиклолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрӯзу фардои ин хоку обу нон ва осоиштагии хонадону домани поки хоҳарону модарон   даъват менамояд. Воқеан истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки тамоми наслҳои миллати бонуфузи тоҷик баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ҳазорсолаҳо барои он талошу ҷадал доштанд,  вале  ин ҳадяи зебои тақдири инсонӣ танҳо насиби насли кунунии тоҷикон гардида, боиси шарафу […]

07.09.2015 Нет комментариев Читать далее>

Табрикоти Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи дониш

ТАБРИКОТИ Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Аҳтам Абдуллозода ба ҷавонони донишҷӯ  бахшида ба Рӯзи дониш Ҷавонони арҷманд! Созандагони Ватан! Пеш аз ҳама, Шуморо ба муносибати Рӯзи дониш, ки мо ҳар сол онро дар фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан ҷашн мегирем, самимона табрик менамоям. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки қисмати асосии аҳолии кишварамонро маҳз ҷавонон ташкил дода, таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равона гардида буд. Воқеан, рӯ овардан ба ҷавонон ва такя ба нерӯи онҳо дар аксари кишварҳо ба назар мерасад. Зеро ҷавонон бо қувва ва нерӯи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд. Мо ва […]

02.09.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 433 434 435 436 437 440