734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


ТҶ “Пайравони Пешвои миллатем” – пайравӣ аз сиёсати хирадмнадонаи Пешвои миллат

Бо ташаббуси ҷавонони ватандӯсту  ташаббускори Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши паҳлуҳои гуногуни сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эммалӣ Раҳмон аз соли 2018 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” таъсис дода шуда, бо мақсади омӯзиши сиёсати муваффақонаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳкими рушди устувори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ пайваста аз ҷониби аъзоёни ташкилоти мазкур чорабиниҳои мухталиф доир карда мешавад. Сарпарастии бевоситаи ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”- ро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошта, намояндагии маҳфил дар 68 шаҳру навоҳии кишвар, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст. Айнизамон, […]

21.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад

24 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор мегардад. Дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон  ва варзиш ба варзишгарони беҳтарини соли 2019 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда мешавад. Инчунин,  дар маросими ҷоизасупорӣ ҷоизадорони Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ,  рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника – технология ва инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки ғолибият ба даст овардаанд, бо ҷоизаи Кумита сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамзамон, дар доираи “Барномаи давлатии тарбияи ҳарбии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022” ғолибони Ҷоизаи “Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ” […]

20.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2022” тасмим гирифтааст, бо мақсади ҳавасмандгардонии муаллифони мақолаҳои публисистӣ озмуни ҷумҳуриявиро миёни ҷавонон дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист” бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ташкил ва эълон менамояд. Дар озмун ҷавонони касбу кори гуногун, олимону донишмандон ва кормандони ҷавони вазорату идораҳо, рӯзноманигорон ва донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта метавонанд иштирок намоянд. Қабули мақолаҳо то санаи 10 феврали соли 2020 ба унвонии Кумита тариқи хаттӣ ва электронӣ (tjavononi@gmail. com) қабул карда мешаванд. Муаллифони  ҷавони беҳтарин мақолаҳои публисистӣ дар арафаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи […]

19.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

“Лабханди ҷавонӣ” дусола шуд, муборак бошад!

Имрӯз аз таъсисёбии маҳфили ҳаҷвнигорини ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Лабханди ҷавонӣ” ду сол пур мешавад. Маҳз ҷавонони ҳаҷвнигорони соҳибистеъдодои кишвар 14 декабри соли 2017 дар доираи баргузории чорабиниҳои муҳими “Соли ҷавонон” аввалин маротиба барномаи ҳаҷвии худро манзури тамошобинон намуданд, ки ҳунару истеъдоди ин ҷавонони соҳибҳунар аз ҷониби устодони санъат ва тамошобибон баҳои баланд гирифтанд. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солгарди таъсисёбии маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавонро муборакбод намуда, ба фаъолияти эҷодию ҳунарии ин ҷавонони соҳибистеъдоди кишвар муваффақият таманно  менамояд. Мавриди зикр аст, ки маҳфили мазкур маҳз бо дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

14.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Доир ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси илмӣ доир гардид

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал – Форобӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ” бо иштироки олимону муҳаққиқон ва коршиносони тоҷику қазоқ доир гардид. Конфронси мазкур дар доираи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 -2028” аз ҷониби Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон роҳандозӣ гардида, дар кори он ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба норасоии оби ошомиданӣ, тағйирёбии иқлими сайёра […]

13.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 6 257