734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Истиқболи Соли ҷавонон бо баргузории амалиёти ниҳолшинонӣ

Имрӯз дар боғи назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохтор амалиёти ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” баргузор гардид.  Таҳти роҳбарии Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз ҷониби кормандони Кумита дар боғи мазкур бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани гирду атрофи бино дарахтони мевадиҳанда шинонида шуданд. Масъулини Кумита изҳор доштанд, ки Амалиёти ниҳолшинонӣ дар доираи тавсеа бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соли 2017 эълон гардидани “Соли ҷавонон” дар кишвар сурат мегирад. Боиси хотирнишон аст, ки масъулини дастгоҳи марказии Кумита ва […]

29.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мактаби рушди волонтёрони ҷавон

Субҳи имрӯз, гурӯҳи 80 нафараи ҷавонон бо мақсади иштирок дар  нахустин лагери зимистонаи ҷумҳуриявии “Мактаби рушди волонтёрони ҷавон” ба урдугоҳи “Шоҳин” –  и шаҳри Гулистони вилояти Суғд сафарбар шуданд. Пеш аз сафар Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирокчиёни лагерро бо фарорасии соли 2017 ва Соли ҷавонон табрик намуда, зикр намуданд, ки эълон гардидани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти ҷавононро дар назди миллату давлат боз ҳам дучанд мегардонад. Раиси Кумита аз иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки ҷавобан ба таваҷҷуҳи олии Пешвои муаззами миллат нисбати ин қишри ҷомеа онҳоро зарур аст, ки бо […]

29.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Омӯзиши паҳлуҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи биснес-нақша ба ҷавонони ВМКБ

Санаи 27 декабри соли 2016 масъулини Кумита зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадхшон бо мақсади ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ  семинар-машарати омӯзиширо  дар мавзӯи “Омӯзиши паҳлуҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи биснес-нақша” дар байни ҷавонони ноҳияи Ишкошим доир намуданд. Дар семинари мазкур 53 нафар чавонон аз ҳисоби соҳибкорони ҷавон, гирандагони Стипендияи Президентӣ ва хонандагони синфҳои болоӣ иштирок намуда, самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи нақшаи соҳибкориро аз худ намуданд. Илова бар ин, масъулин эълон гардидани соли 2017-Соли ҷавонон ва қабул гардидани Қатъномаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор ‎2018-2028” яке аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, ҷавононро барои […]

28.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Аксияи “Ташаббуси Пешвои миллат ифтихори мо ҷавонон!” дар шаҳри Кӯлоб

26-декабри соли ҷорӣ бо ибтикори Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб, бо иштироки доираи васеи ҷавонон Аксияи ҷавонон таҳти уновни “Ташаббуси Пешвои миллат ифтихори мо ҷавонон!” доир гардид. Аксияи мазкур дар доираи пазируфта шудани ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб доир карда шуд. Нахуст Муҳаммадҷон Ҳаитов, директори Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб баромад намуда, дастгирӣ ёфтани ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”- ро, аз ҷониби беш аз 190 давлати ҷаҳон ба иштирокдоштагон муборакбод намуд. Номбурда зимни баромадаш […]

27.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Аксия ҷавонони шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Мо ҷавонон аз ташаббуси Пешвои миллат ифтихор дорем!”

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” пазируфта шуда аз ҷониби 193 кишварҳои олам дастгирӣ гардид. Бахшида ба ин воқеаи муҳими таърихӣ ва эълон гаштани соли 2017 чун соли ҷавонон имрӯз,- санаи 26 декабр дар майдони «Ситораҳои «Хуҷанд» бо иштироки бештар аз 2 ҳазор нафар ҷавонону наврасони маркази вилоят Аксия таҳти унвони “Мо ҷавонон аз ташаббуси Пешвои миллат ифтихор дорем!” доир гашт. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ мудири Бахши ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов оғоз намуда зикр намуд,ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба […]

26.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 380 381 382 383 384 450