734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Вохӯрӣ бо ҷавонони ноҳияҳои дурдаст

Намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшан бо ҷавонон мулоқот карда, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, хушунат, никоҳи бармаҳал ва хешутаборӣ маърӯза намуданд. Дар мулоқот  гуфта шуд, ки ҳадафи корҳои фаҳмондадиҳӣ ин пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб, аз қабили вайроншавии оилаҳо, шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ ва никоҳи хешутаборӣ мебошад. Мадина Ҳомидова муовини сардори раёсат зимни  вохӯрӣ гуфт, ин мулоқотҳо дар партави Паёми солонаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифта, масъулин ҷиҳати мушкилоти мавҷуда чораҳои зарурӣ меандешанд.

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи “Ҳомии Ватан”

Мусобиқаи “Хомии Ватан” барои афсарони қисмҳои низомӣ дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Тавре Мадина Ҳомидова муовини Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят хабар дод ин мусобиқа бахшида ба рӯзи “Артиши миллӣ” гузаронида мешавад. Дар мусобиқа сарбозон аз  рӯи шартҳои муқараргардида, ресмонкашӣ, ҷаҳидан ба баландӣ, давидан, хондани суруди умумӣ, якҷоя намудани қисмҳои автомат Калашников дар вақти муайян гашта байни ҳам рақобат мекунанд. Ӯ баргузории ин мусобиқаро руҳи баланди идона ба афсарони қисмҳои низомӣ арзёбӣ намуда афзуд, ки барои муттаҳид гардидани сарбозони қисмҳои низомӣ ин мусобиқа мусоидат мекунад. Дар назар аст, ки дар ҷамъбасти мусобиқа барои иштирокдорон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шавад.

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Нақши ҷавонон дар рушд ва устувории сиёсати пешгирифати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносӣ, расидан ба арзишҳои миллӣ, ва расонидани хабар оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар байни ҷомеа, алалхусус ҷавонон, дар доираи Лоиҳаи «Нақши ҷавонон дар рушд ва устувории сиёсати пешгирифати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳи 2013 -2015 дастгирӣ ёфтааст, аз 5 то 8 феврали соли 2016 дар ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузории мулоқотҳо ба нақша гирифта шуданд. Барои дар сатҳи баланд доир намудани мулоқотҳо гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вакилони аз Кумитаи оид ба […]

07.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ

5 феврали соли равон мулоқоти Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо донишҷӯёну устодон ва ҷавонони фаъоли Донишгоҳи аграрииТоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доир гардид. Мулоқот дар доираи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  сурат гирифта, дар он роҷеъ ба нуктаҳои он гуфтугу карда шуд. Аҳтам Абдуллозода дар ин вохӯрӣ вобаста ба муҳимияти Паём ва нақши он дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат маърӯза карда, изҳор дошт, ки он сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои як соли оянда муайян менамояд. Гуфта шуд, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба масъалаи ҳаёти ҷавонон дахл карда шуд, ки ин масъулияти ҷавононро барои […]

06.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон – муҳофизони боэътимоди Ватан

Санаи 2 феврал вохӯрии гуруҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мулоқот бо сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии 01123 – и Қушунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2848 – и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Зимни суҳбат бо сарбозон аз дастовардҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, ҷавононро ба хизмати содиқонаву софдилона даъват намуданд. Ҳамзамон мавриди суханрониҳо аҳамияти таъмини амнияти кишвар, сулҳу субот, осудаҳолии мардуми кишвар ва воқиф будан аз таззодҳои ҷомеаи муосир, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, ибрози андеша намуда, сарбозонро ба ҳушёрии сиёсӣ ва эмин нигоҳ доштани дастовардҳои даврони истиқлолият даъват намуданд. […]

03.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 353 354 355 356 357 370