734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Мизи мудаввар: “Таҳдидҳо ба ҳаёти имрӯзу ояндаи ҷавонон”

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар дар мавзӯи “Таҳдидҳо ба ҳаёти имрӯзу ояндаи ҷавонон” доир гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода ва донишҷӯёну ҷавонони гуруҳи шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. Мақсад аз баргузории мизи мудаввар баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифатнокии ҷавонон дар бунёди оилаи солим ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни онҳо мебошад. Дар мизи мудаввар раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода таъкид намуд, ки таҳдидҳо метавонанд ба ҳаёти ҷавонон таъсири амиқ дошта бошанд. Яке […]

26.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти раисони се кумита бо занони Кӯлоб

Дар доираи як сафар ба шаҳри Кӯлоб Аҳтам Абдуллозода – раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Махфират Хидирзода – раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва Сулаймон Давлатзода – раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо доираи васеи занони фаъоли шаҳр сӯҳбату вохӯрӣ анҷом додаанд. Мақсад аз баргузории вохӯриро масъулин сӯҳбати озоду ошкоро бо фаъолзанони шаҳр арзёбӣ намуда, доир ба мавзӯъҳои гуногун изҳори андеша кардаанд. Раиси Кумитаи ҷавонон Аҳтам Абдуллозода зимни баромад нақши занону модаронро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ карда, таъкид доштааст, ки таълиму тарбияи фарзанди солим ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ба воя расонидани насли наврас ва ҷавонон аз занони фаъол вобастагии […]

26.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Силсилаи мулоқотҳои созанда бо сокинони Кӯлобшаҳр

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагон Кумита ва аъзоёни фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо доираи васеи сокинон, аз ҷумла, ҷавонон, занон, пирони рӯзгордида ва фаъолони шаҳри Кӯлоб силсилаи мулоқотҳоро дар кӯчаву маҳаллаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масҷидҳо доир намуданд. Мақсад аз баргузории мулоқотҳо боз ҳам огоҳӣ намудани сокинон аз омилҳои номатлуби дар ҷомеа пайдогардида, эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва оиладорӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, нашъамандӣ, ҷинояткорӣ ва бемориҳои сироятии ҷинсӣ арзёбӣ карда шуд. Намояндагони Кумита ва Иттифоқи ҷавонон дар мулоқоту вохӯриҳо вобаста ба банақшагирии оиладорӣ, баланд бардоштани маърифатӣ оиладорӣ, пешгири аз вайроншавии оилаҳои ҷавон, мақом ва аҳамияти оила аз нуқтаи назари […]

20.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни дар хориҷ таҳсилдошта мулоқот кард

 Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи байналмилалии ҷавонон мулоқоти Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, доир гардид. Дар чорабинӣ ҳамчунин, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сангинзода Эмин, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори «Маркази Барномаҳои байналмилалии назди Президент» Шодиев Исматулло ва меҳмонони хориҷӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ муттаҳид сохтани […]

12.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Амалиёти экологӣ дар Боғи Айнӣ

Имрӯз бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилотҳои система, сохторҳои маҳаллӣ, ҷавонону наврасон, ихтиёриён ва доираи васеи сокинон дар Боғи фарҳангии Айнӣ  амалиёти экологӣ доир карда шуд. Дар амалиёти экологии умумиҷумҳуриявӣ иштирокдорон гирду атрофи майдончаҳои боғ, дарахту буттаҳо ва роҳраву гулгаштҳоро аз партовҳои нолозим тоза намуданд. Инчунин, барои тозаю озода нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зист корҳои таблиғотиро миёни ҷавонону сокинон ба роҳ монда, онҳоро ба корҳои ихтиёрӣ ҷиҳати ободонӣ ва тозагӣ маҳаллаҳо даъват карданд. Лозим ба ёдоварист, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 август то 7 сентябри соли 2015  дар қаламрави кишвар Амалиёти экологии умумиҷумҳуриявро бахшида ба 24 солагии Истиқлолияти […]

08.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 322 323 324 325 326 327