734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


   Хиёнаткор- Ватан надорад!

Дар замони муосир баъзе аз доираҳои манфиатҷӯй ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мардумро ба амалҳои ношоиста, бадбиниву ҷоҳилӣ, хурофотпарастӣ, таҳаммулнопазирӣ, тақлидкорӣ ба либосҳои бегона роҳнамо созанд. Ин ашхос, ки дар асл аз арконҳои дини мубини ислом фарсахҳо дур мондаанд ва теша бар решаи худ мезананд, худро гоҳ муллову гоҳ хирадманд вонамуд месозанд ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ байни мардум тафриқаангезӣ менамоянд. Аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба гуфтаҳои боло ҳамчун намунаи возеҳу равшан муаррифӣ шуда метавонанд, зеро парда аз рӯи амалҳои террористиву экстремистии онҳо боз гардидааст ва ҳадафҳои ғаразмандонаашонро пиру ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлоламон басо хуб медонанд. Аз […]

09.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Суҳбату вохӯриҳо дар ноҳияи Қубодиён

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти ба номи  Назаров бо аҳолии деҳа  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ , омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ- бахусус Коронавирус (COVID-2019), пешгири намудани ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, даъвати ҷавонон ба Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самаранок истифода бурдани  замини назди ҳавлигӣ  суҳбату вохироҳобаргузор гардиданд.  

08.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Аксияи тарғиботи дар шаҳри Кулоб

Ҳар чанд дар кишварамон шумораи сироятёфтагон  рӯз то рӯз кам шуда истода бошад ҳам, корҳои фаҳомндадии дар байни аҳолӣ ҳоло ҳам идома дорад. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори кишвар аксияҳои тарғиботиву ташвиқоти ташкил ва баргузор гардида истодаааст. Дар аксияхои мазкур ҷавонон ва волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва бахшҳои он дар байни мардум корҳои фаҳмондадии гузаронида, ба аҳоли ниқоб, маводҳои антисептикӣ тақсим мекунанд .Чунин як аксияи навбати дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Кулоб аз ҷониби кормандони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва аъзоёни филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”-и  шаҳри Кулоб баргузор гардид.

08.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Майли ҷавонон ба ихтироъкорӣ меафзояд

Барои ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ тарғиби ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар ҷумҳурӣ, ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонони кишвар ва муҳайё намудани шароити муносиб лозим аст. Имрӯзҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ баҳри донишандӯзӣ, аз бар намудани илм ва донишҳои гуногун тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Хушбахтона, ҷавонону наврасони мо аз ин ҳама имкониятҳои муфид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат муҳайё гардидааст, самаранок истифода намуда, дар баробари ин дониш ва малакаи зеҳнии худро дар самти ихтироъкорӣ низ санҷида истодаанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист. Бино ба маълумотҳои мавҷуда дар ҷумҳурӣ айни ҳол шумораи умумии ихтироъкорони ҷавон (аз 21 то 30-сола) 92 нафар буда, онҳо ба ихтироъкорӣ машғул мебошанд. Имрӯз хушбахтона ҷавонону наврасони мо […]

08.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Нақши ҷавонон дар ҷомеа

Ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбаранда маҳсуб меёфтанд ва  имрӯз ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда, ҳифзкунанда ва муаррифгари фарҳангу мероси аҷдодони барӯманди халқи тоҷик, иқтидорои воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллату давлатанд. Асарҳои начандон тӯлонии таърихӣ  шаҳодат медиҳанд, ки ҳаракати муташакилонаи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикситон барои  барқарории сохти констиутсионӣ ва таъмини сулҳу оромӣ дар ҷомеа ҳанӯз аз давраи таъсисёбии Тоҷикистон нақши худро гузоштаанд. Барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории навин дар даврони фоҷиаҳои нангин, ки Тоҷикистонро дар вартаи нобудшавӣ қарор медод, ҷавонон дар он замон нерӯи пурқуввати миллат шуда, сураъти задухӯрдҳо ва манфиатҷӯйиҳоро комилан пешгирӣ карда, якдилу якмаромиро пешаи асосии худ қарор дода, барои […]

08.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 332