734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Суруди миллӣ аз ҷониби 630 нафар ҷавонону донишҷўёни фаъол зинда дар оғози конференсия садо дод шуд.

Имрӯз дар толори «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳри Қурғонтеппа конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни кишвар дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» оғоз гардид. Дар конфронси мазкур Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар, Муовини Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, Раиси шаҳри Қурғонтеппа Амирулло Асадулло, сардори Раёсат Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Баҳром Шарифзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар ва бештар аз 630 нафар ҷавонону донишҷўёни фаъол аз тамоми минтақаҳои мамлакат иштирок доранд. Конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, иштирокчиён онро […]

18.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Истиқболи гарми ҷавонон дар шаҳри Қурғонтеппа

Аз 18 то 19-уми декабри соли 2015, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳри Қурғонтеппа конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни кишвар дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» баргузор мегардад, ҷавонону донишҷӯён аз тамоми манотиқи кишвар барои иштирок дар ин чорабинии муҳим 17-уми декабри соли 2015 ба шаҳри Қурғонтеппа сафарбар гардиданд. Иштирокчиёни конференсияро дар даромадгоҳи ноҳияи Бохтар Раиси ноҳияи Бохтар Ҷабборӣ Ғаффор, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Фариза Абдуллоева бо иштироки васеъи ҷавонони фаъол дар як сатҳи баланд истиқбол намуданд. Дар кори семинар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират […]

17.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Оғози амалиёти ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ

Имрӯз бо шинонидани “Дарахти дӯстӣ” дар боғи назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амалиёти умумиҷумҳуриявии ҷавонон оид ба ниҳолшинонӣ оғоз ёфт. Ҷавонони ҷумҳурӣ, ки аз минтақаҳои гуногун барои иштирок дар семинар дар пойтахт ҷамъ омаданд, дар оғози Амалиёти ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуданд. Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамроҳи ҷавонони ҷумҳурӣ як дарахти мевадиҳандаро дар боғи назди Кумита шинонида, бо мақсади боз ҳам муттаҳимд намудани ҷавонон онрорамзан “Дарахти дӯстӣ” ном гузоштанд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода зимни оғози Амалиёти умумиҷумҳуриявии ҷавонон оид ба ниҳолшинонӣаз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар амалиёти мазкур ширкати фаъолона варзида, дар ободонию бунёдкорӣ ва созандагию кабудизоркунии мамлакат саҳми […]

17.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Муроҷиатномаи ҷавонони вилояти Суғд ба мардуми шарифи Тоҷикистон

Имрӯз, 16 декабр дар хиёбони Исмоили Сомонии маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд беш аз 15 000 нафар ҷавонони вилояти Суғд бо баргузории раҳпаймоие ҷонибдории худро ҷиҳати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат шинохта шудани Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, дар анҷоми раҳпаймоӣ муроҷиатнома қабул намуданд, ки ҳоло пешкаши хонандагон гардонида мешавад: Муроҷиатномаи ҷавонони вилояти Суғд ба  мардуми шарифи Тоҷикистон Ҷавонони саодатманд, ҳамдиёрони азиз! Фараҳи рӯзи фархунда ва фаромӯшнопазири миллат –қабул гардидани санади саодати халқ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон якдилона ҷонибдорӣ гардид ва мувофиқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, […]

16.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон: “Мо бо Шумоем, Пешвои миллат!”

15 декабри соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вобаста ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» чорабинӣ доир гардид, ки дар он доираи васеи ҷавонони касбу кори гуногун ва фаъолон иштирок намуданд. Дар чорабинӣ Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки  хизматҳои шоёну ибратомӯз ва нотакрори Президенти кишвар, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар таърих сабт гардида, ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа, аз қабули қонуни мазкур, ки саривақтиву муҳим мебошад, ҷонибдорӣ менамоянд. Таъкид карда шуд, ки хизмату талошҳои Президенти кишвар, ки имрӯз чун чароғ равшангари роҳи фардои насли […]

16.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 285 286 287 288 289 298