734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Баргузории силсиламулоқотҳо бо сокинони Вахш

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Вахш аз 5 то 14 август дар шаҳраки “Вахш”, ҷамоатҳои деҳоти “Рӯдакӣ” ва “20-солагӣ” дар ҳошияи “Соли ҷавонон” доир ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, риояи талаблти қонунҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бо ҷалби 20 нафар волонтёрон силсилаи мулоқоту вохӯриҳои фардию гурӯҳӣ гузаронида шуд. Зимни мулоқотҳо иброз дошта шуд, ки соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ барои аксар миллатҳо афсона аст. Вале бо бахти миллат ва ҷоннисориҳои зиёди фарзандони фарзонаву сарсупурдаи миллат мо онро соҳиб шудем. Акнун масъали асосӣ ин аст, ки ин ганҷи бебаҳои миллатро мо бояд ҳифз карда кунем. Дар рафти вохӯриҳо таъкид гардид, ки дар […]

15.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон таҳкимбахши субот бошанд

Дар идомаи силсила мулоқотҳои масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” дар қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе, мулоқоти навбатӣ дар маркази таълимии “Тоҷмаҳал”-и қисми ҳарбии 09001 Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар доир гардид. Амир Иброҳимов, мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонони Кутимаи кор бо ҷавонон ва варзиш, зимни баромади хеш роҷеъ ба фаъолияти ҷавонон дар рушди инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат суханронӣ намуда афзуд, ки имрӯз ҷавонони мо метавонанд, ки дар беҳтарин донишгоҳҳои хориҷӣ рафта касбу ҳунар омӯхта, дар оянда ҳамон донишҳои андӯхтаашонро дар кишвари хеш амалан татбиқ намоянду баҳри пешрафти ин меҳан саҳмгузор бошанд. Пас, ҷавонони имрӯза бояд омӯзанду таҳкимбахши сулҳу субот […]

15.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

ҶАЙҲУН: Мулоқот бо ҷавонон ва волидон.

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун, аз 12 то 14 августи соли равон дар ҷамоатҳои ноҳия мулоқоти ихтиёриёни Бахш бо аҳли ҷамоатчигӣ, бахусус бо наврасону ҷавонон баргузор гардид. Дар вохӯриҳо мавзӯҳои нақши ҷавонон дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли кишвар, риояи талаботи қонунҳо “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии даст задани ҷавонон ба омилҳои номатлуб ва гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаркатҳои террористию экстремистӣ, пӯшидани сару либоси ба фарҳанги мо бегона миёни ҷавонон баррасӣ шуданд. Зимни мулоқот волонтёрон оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, ки бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами […]

15.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

ПРАТИБҲА МЕҲТА: Эълони “Соли ҷавонон” амалӣ дурандешона ва хирадмандона аст

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳамсол ба ҳамсол” имрӯз, 14 август бахшиди ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси” таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, бо иштироки васеи ташкилотҳои зертобеи Кумита, созмонҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон ва ташкилотҳои байналмилалӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Қабл аз баргузории қисмати расмии чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Маҳта аз намоишномаи баргузорнамудаи ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ва зерсохторҳои Кумита дидан намуданд. Дар рафти қисмати расмии чорабинӣ раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода зимни суханронии худ аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар […]

14.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ҳамоиши ҷавонон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҷавонон

Бахшида Рӯзи байналмилалии ҷавонон ва “Соли ҷавонон” Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон 12 августи соли ҷорӣ бо иштироки беш аз 400 нафар наврасону ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамоиши ҷавононро таҳти унвони “Ҷовидон бод, ҷавонӣ” баргузор намуд.  Муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Азиз Азимов ва мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҷамолиддин Исматуллозода ҷамъомадагонро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҷавонон ва “Соли ҷавонон” табрик намуданд. Дар ҳамоиш зикр гардид, ки “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017 нишонаи он аст, ки ҷавонон ва масъалаҳои алоқаманд ба ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Дар […]

14.08.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 254 255 256 257 258 370