734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Ҳамоиши рушди волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе

Таҳти ҳамин унвон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55 Ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур вакили парлумон, муҳаққиқи варзидаи соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон муҳтарам Миралиён Қиёмиддин Абдусаломзода иштирок ва ба ҷавонони шаҳри Душанбе дар робита ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти волонтёрӣ дар кишвар суханронӣ намуд. Дар идома мавсуф вобаста ба паҳлӯҳои қонунгузорӣ ва шарҳи он, таърихи фаъолият, роҳҳои машғул шудан, таҷрибаи давлатҳои пешрафта, шароиту имконият ва принсипҳои рушди фаъолияти волонтёрӣ андешаронӣ намуда, ба ҷавонон оид ба самаранок машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ тавсияҳо доданд. Дар рафти баргузории чорабинӣ ҷавонон ба саволҳои сершумори худ посухҳои қаноатманд гирифта, тасмим карданд, то бештар […]

28.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

ФЕСТИВАЛИ НАМОИШИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ МИЁНИ ҶАВОНОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо мақсади тарғибу ташвиқ ва баланд бардоштани фарҳанги зебоипарастию худшиносии миллӣ, бедор намудани завқу таваҷҷӯҳи насли наврасу ҷавон ба маданияти баланди либосдӯзиву либоспӯшӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу маданияти ниёгон, рушди зеҳну афкори ҷавонон ба ҳунарҳои милливу муосир, тарроҳии либосҳо, пешгирии тақлидкорӣ аз урфу одатҳои ба фарҳангу арзишҳои миллии мо бегона ва дар ин замина вусъат бахшидани корҳҳои таблиғоти миёни бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 аз ҷониби Раёсаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Литсейи дузандагии шаҳри Душанбе Фестивали намоиши либоси миллӣ доир карда шуд. Дар чорабинӣ ҷавонони фаъол аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе, ки майлу таваҷҷӯҳ ба тарроҳӣ ва фарҳангу маданияти […]

28.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон: Биёед китоб мехонем!

Бо ташаббуси Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” бо мақсади ҷалби ҷавонон ба китоб ва китобхона, ҳамзамон ба таври васеъ тарғибу ташвиқ намудани китобхонӣ миёни сокинон, бахусус наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ-фарҳангии “PARKING” семинар – тренинги омӯзишӣ доир гардид. Мақсад аз баргузории семенар ташвиқу таблиғи китобхонию китобдорӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба хониш ва нигаҳдории китоб, аз худ кардани илму маърифат, хулқу атвори накӯ, одоби ҳамида, таҳаммулпазирӣ ва худогоҳию поктинатӣ, истифодаи самараноки вақтҳои холигӣ, пешгирӣ аз бекориву оворагардӣ ва амалҳои номатлуб маънидод гардид. Бо ҳамин мақсад аз ҷониби аъзоёни маҳфил аксияи тарғиботии “Китоби зинда”, дар мисоли повести “Субҳи ҷавонии мо”- и Сотим Улуғзода, миёни сокинон дар истгоҳҳо ва нақлиётҳои мусофирбар гузаронида шуд. Зимни […]

25.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пайравони Пешвои миллатем

Имрӯз бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дуюмин ҳамоиши ҳизбиёни ҷавон таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи ҲХДТ  Хонов Абдураҳмон, раиси Комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода Зоир иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, дар кори ҳамоиш роҳбарони комиҷрояҳои ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аъзоёни фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аъзоёни фаъоли Ташкилоти Ҷамъиятии “Созандагони Ватан” иштирок намуданд. Нахуст, меҳмонон аз  намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои […]

25.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

Дуюмин ҳамоиши ҳизбиёни ҷавон доир мегардад

Имрӯз  дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соати 14:00  бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дуюмин ҳамоиши ҳизбиёни ҷавонро таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” доир мегардад. Ҳамоиши ҳизбиёни ҷавон соли дуввум аст, ки аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо доираи васеи ҳизбиёни ҷавон доир карда мешавад. Имсол ҳамоиши дуюми ҳизбиёни ҷавон  бо иштироки аъзоёни фаъоли Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз тамоми қаламрави кишвар доир карда шуда, масъалаҳои марбут ба соҳаи кор бо ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар кори ҳамоиш вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба […]

24.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 253 254 255 256 257 450