734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов бо донишҷӯён мулоқот доир гардид

Имрӯз дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳмов вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо ҳайати устодону донишҷӯён мулоқоти судманд баргузор гардид. Дар мулоқот муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо Шодӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки дар Паёми солонаи хеш Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилотро дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисос таъкид намуда, ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати […]

05.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон

Имрӯз  дар толори  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавзӯи “Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон” бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва олимону муҳаққиқони  ҷавон доир гардид. Нахуст, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳмадзода Дилнозаи Давроналӣ конфронсро ифтитоҳ бахшида иброз доштанд, ки “муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари ҷанбаҳои мусбӣ ба монанди таъмини иқтисодии шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии шаҳрвандон, имконияти таҳсил дар макотиби хориҷи кишвар, сайқал додони донишҳо ҷиҳатҳои манфӣ низ дорад. […]

01.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

САДА – ИДИ НИЁГОНИ ОРИЁНАЖОД

Бахшида ба иди ниёгони Сада дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  силсила чорабиниҳои варзишӣ аз қабили гӯштини миллии камарбандӣ, бандкашӣ, бадминтон, шоҳмотбозӣ, намоишҳои дастовардҳои варзишӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид. Тибқи иттилои маъхазҳо, дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирӯзӣ ба зердастону деҳқонон, эҳтиёҷмандону камбағалон ба ҳайси ҳадя медоданд. Маълумоти казоӣ дар бораи ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёнгарон иттилооти муфид боқӣ мондаанд. Дар замони ҳукмронии Султон Масъуд ҷашни Сада ба ҷараёни сафари ӯ рост омадааст. Султон дастур додааст, ки дар […]

30.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

Конфронс дар мавзӯи “Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон” баргузор мегардад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати   миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 декабри  соли 2018 “Дар бораи  самтҳои  асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардид, тасмим гирифтааст, ки  санаи 31 январи соли 2019, соати 10:00 дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – назариявиро таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавзўи “Муҳоҷират, таҳсилоти муосир ва истифодаи технологияҳои нави ғайринақдӣ миёни ҷавонон” бо иштироки  роҳбарони  вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва олимону муҳаққиқони ҷавон доир […]

30.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷинояткорӣ маҳкум карда мешавад!

Бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо миёни ноболиғону ҷавонон имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 87 -и шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳриву ҷумҳуриявӣ, масъулини соҳаҳои маориф ва кор бо ҷавонон ва варзишт доир гардид. Дар мулоқот омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино, падару модарон ва масъулини бахши тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино иштирок намуданд. Дар мулоқот сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии миёни ноболиғону ҷавонони ВКД Фаттоҳзода Абдусаттор, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии миёни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Иброҳимзода Иброҳим,муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри […]

30.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 251 252 253 254 255 450