734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Табрикоти Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ба кулли ҷавонони Тоҷистон бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ

Ҳомиёни шуҷои Ватан,ҷавонони хушиқбол! Бо камоли ифтихор 24-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Артиши миллиро, ки дар «Соли ҷавонон» рост омад, ба ҳамаи Шумо ҳомиёни далеру шуҷои Ватан ва дар симои Шумо кулли ҷавонони Тоҷикистонро самимона шодбош мегӯем. Амнияти давлатӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ,  таъмини истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи боэътимоди марзу буми кишвар ва осоиштагии мардум яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ мебошад. Сулҳу оромии мамлакат, тамоми пешрафти ҷомеа ва таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоии давлат аз сатҳи таъмини амнияту тартибот вобаста аст. Бояд гуфт, ки ҳеҷ як давлат бе таърих, бе фарҳанг ва бе Артиши миллӣ арзи вуҷуд карда наметавонад. Артиши миллӣ маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии […]

22.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқот бо ҷавонон бахшида ба Соли ҷавонон

Имрӯз, 21 феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси нақшаи – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқот бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур Шарифзода Шариф Файз раиси шаҳри Хуҷанд, Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раъно Бобоҷониён муовини раиси ҲХДТ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, Дилрабо Мансурова, Ҷаббор Ахмедов, рӯзноманигорон ва зиёда аз 300 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст, Шарифзода Шариф Файз раиси шаҳри Хуҷанд ба сухан баромада, иброз намуд, ки мулоқоти мо дар рӯзҳое    баргузор мегардад, ки  ҷавонони саодатманди кишвар аз  эълон  гаштани   Соли ҷавонон    истиқбол намуда,  бо  ғайрату илҳоми  тоза  ҷиҳати татбиқи […]

21.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Давлати дунявӣ дар мисоли фарҳанги динӣ

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи «Ҳувияти миллӣ ва давлати дунявӣ дар мисоли фарҳанг ва маорифи динӣ» семинар – машварат баргузор шуд. Дар кори семинар зиёда аз 50 нафар олимону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Давлат Суфизода – мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба сухан баромада, иштирокчиёнро ба муносибати Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 табрику таҳният гуфт. Қайд намуд, ки КҶВС бо мақсади рафти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбияи насли ҷавон дар роҳи худшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатию арзишҳои волои […]

20.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати сокини пойтахт!

Бо иқдоми Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 18 феврал дар шаҳраки 46-и пойтахт бо иштироки бошандагони хобгоҳҳои донишҷӯён ҳашари тозагии маҳал гузаронида шуд. Тавре аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе хабар доданд, иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2017, бахшида ба “Соли ҷавонон”, ба хотири ҷонибдорӣ аз ташаббусу иқдомҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати эълон намудани 150 рӯзи ободониву созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ таҳти унвони “Хуррамгардонии Душанбешаҳр – рисолати сокинони пойтахт!” ва Аксияи ҷумҳуриявии 75 рӯзи […]

20.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холи дар Соли ҷавонон

17 феврали соли ҷорӣ дар КВД “Маркази фарҳангии ҷумҳуриявии ҷавонон “Ориёно” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, касбомӯзӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон дар доираи нақша чорабиниҳо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холиро барои корҷӯён ташкил ва баргузор намуд.   Дар ярмаркаи мазкур 80 муассиса ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба корҷуён 2127 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод карда […]

18.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 250 251 252 253 254 332