734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


МАСТЧОҲ: ПАËМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РАҲНАМОИ МО ҶАВОНОН 

Имрӯз дар асоси Нақша чорабиниҳои муштараки бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Мастчоҳ вохӯри бо муҳассилини муассисаҳои таълимии №5 ва №21 – и ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ таҳти унвони “Паëми Пешвои миллат раҳнамои мо ҷавонон” баргузор гардид. Дар чорабиниҳои болозикр мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Саидҷаъфар Азизов, мудири Бахши кор бо занон ва оила Саëҳат Қодирова ва мудири Бахши ҳифзи иҷтимоии ноҳия Малика Муродова иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин дар охир ба якзумра ғолибони мусобиқаи футбол, ки хонандагони муассисаҳои мазкур мебошанд, диплом ва медал тақдим карда шуд.

15.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…». Зери ин ном таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа Озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид

Ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ба имзо расид. Дар зер матни Амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва дигар замимаҳо ба Амри Сарвари давлат ҷой дода мешаванд.   А М Р И Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурўғи субҳи доноӣ…» озмуни […]

14.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардид

12 феврали соли 2019 дар маркази матбуотии  Агентии миллии “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид . Дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам иштирок намуда, ба саволҳои хабарнигорон ва журналистон посух гардониданд. Зикр гардид, ки Кумита дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусию соҳибкорони ватанӣ ва ВАО дар самти татбиқи амалии сиёсати сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2018 27198 чорабинӣ бо фарогирии 5,442821 нафар сокинони ҷумҳурӣ баргузор намудааст, ки дар самти кор бо ҷавонон 18217 чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангиву маърифатӣ, […]

12.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шаҳри Душанбе Шаҳид Алӣ Сиҳар ва вобастаи тиҷоратии ин намояндагии дипломатӣ Рашид Имтиёз

Шоми ин бегоҳ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шаҳри Душанбе Шаҳид Алӣ Сиҳар ва вобастаи тиҷоратии ин намояндагии дипломатӣ Рашид Имтиёз мулоқот намуданд. Дар мулоқот масъалаи табодули таҷриба миёни мураббиёну варзишгарон дар кишварҳои тарафайн, баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишии муштарак, гузаронидани машқу тамринҳои дастаҷамъӣ, баргузории мусобиқаҳои дӯстонаи футбол миёни тимҳои ҳурду кишвар, баргузории чорабиниҳои гуногуни илмию адабӣ, фарҳангию фароғатӣ дар самти кор бо ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон зери сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ […]

08.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Паём дастурамали кории ҷавонон

Санаи 7 феврали соли 2019 дар доираи Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон бо ҳайати омӯзгорон  ва донишҷӯён мулоқоти судманд доир гардид. Дар мулоқот муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо Шодӣ  оид ба расонидани нуктаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки дар Паёми имсолаи хеш Роҳбари давлат ба масъалаи маориф таваҷҷуҳи хоссса зоҳир намуда, ба масъулини соҳа ҷиҳати омода намудани кадрҳи баландихтисос дастуру супоришҳои мушаххас доранд. Дар ин замина, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷиҳати иҷрои дастуру […]

08.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 249 250 251 252 253 450