734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Қӯрғонтеппа: баргузории семинари омӯзишӣ «Оилаи солим – ҷомеаи  солим”

Рўзи 9 январи соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби наврасону ҷавонони вилояти Хатлон семинари омўзишӣ дар мавзӯи “Оилаи солим – ҷомеаи  солим” баргузор гардид. Дар  семинар беш аз 30 нафар ҷавонони фаъоли вилоят  ширкат варзиданд. Зикр гардид, ки  оила ячейкаи хурдтарини ҷомеа буда, солимии оила барои тарбияи ҷавонон  ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ  тарбият ёфтани онҳо, рушди босуботи кишвар   муҳим арзёбӣ мегардад.  

12.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Омӯзиши паёми Пешвои миллат аз ҷониби ҷавонон ва варзишгарон

Шуруъ аз 8 январи соли ҷорӣ дар тамоми қаламрави кишвар аз ҷониби гуруҳи кории таъсиснамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо доираи васеи ҷавонони қишрҳои гуногуни ҷомеа ва варзишгарон мавҳум ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии кишвар, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018” силсила суҳбату мулоқотҳо ва ҳамоишҳо доир гардида истодаанд. Дар заминаи суханронии Пешвои муаззами миллат вобаста «Ғамхории давлату Ҳукумат нисбати ҷавонон бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад, баръакс масъалаҳои вобаста ба ҷавонон минбаъд низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мо қарор дода мешаванд», руҳу илҳоми ҷавонон ва варзишгарони кишварро даҳчанд болида намуда, ҳавасмандӣ, завқу хоҳиш ва масъулияти онҳоро […]

11.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Боғи «Ҷавонон»-туҳфаи Раиси шаҳри Душанбе ба ҷавонон!

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати шаҳрвандон, сокинону меҳмонон ва бахусус ҷавонон дар пойтахт, ҳамчунин бахшида ба Соли ҷавонон   Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» таъсис дода шуд. Дар ин бора  қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 29 декабри соли 2017  ба тасвиб расид. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, боғи мазкур дар рӯ ба рӯи шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,   дар масоҳати 13 гектару  74 садяк доман паҳн намуда, дар дохили он 21 суҳбатгоҳ, 2 қаҳвахона,  1 майдони варзишӣ ва 1 картодром бунёд мегардад. Тибқи иттилои масъулин, Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»  бо тарҳи муосир сохта шуда, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар […]

08.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат

Боиси сарфарозиву сарбаландист, ки бо ташаббуси Пешвои ҷавонпарвари миллати тоҷик соли 2017 “Соли ҷавонон”   эълон гардид ва дар ин сол чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, варзишию оммавӣ дар сатҳи баланду зарурӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ  баргузор гардид. Дар доираи тантанаҳои “Соли ҷавонон” имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ назарявӣ таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдуҷаббор, роҳбарони вазорату идораҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, ҷавонони фаъол аз тамоми манотиқи кишвар ва гирандагони стипендияи Президентӣ баргузор гардид. […]

02.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ҷ.Балхӣ: Рамзи “Соли ҷавонон” қомат афрохт

“Соли ҷавонон” намунаи олии таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ояндасози кишвар мебошад. Дар доираи тантанаҳои “Соли ҷавонон” санаи 31 декабри соли  2017 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки зиёда аз ҳазор  нафар наврасону ҷавонон  нишони рамзии “Соли ҷавонон”, ки маҳсули дастони ҷавонони соҳибҳунар ва ташаббускори кишвар мебошад, қомат афрохт. Рамзи “Соли ҷавонон” таҷассумгари лаҳзаҳои беҳтарини “Соли ҷавонон” мебошад. “Соли ҷавонон” бо ташкили чорабниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, оммавию варзишӣ  дар хотироти ҳар як ҷавон нақш бастааст. Рамзи “Соли ҷавонон” нишонаи эътимоду пайравии ҷавонони кишвар ба Пешвои муаззами миллат мебошад.

02.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 238 239 240 241 242 369