734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Намоиши маҳсулоти дастӣ дар Ванҷ

Ба ифтихори ҷашни Сада ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар маркази ноҳияи Ванҷ (ҷамоати Маҳмадулло Абдуллоев) намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид. Дар чорабинӣ асосан маҳсулоти дастӣ, ба монанди бофандагӣ, омода кардани савғотӣ, гулдӯзӣ, кандакории чӯб, қолинбофӣ, сабадбофӣ, мӯҳрабофӣ, сохтани асбобҳои мусиқӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд. Мавриди зикр аст, ки намоиш бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон дар якҷоягӣ бо идораву муассисаҳои маҳаллии ноҳия ташкил гардидааст.

02.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти Абдуллозода Аҳтам бо Кэвин Коверт

Имрӯз  Абдуллозода Аҳтам Рустам раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кордори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кэвин Ковер мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо дар мулоқот оид ба ҳамкориҳои судманди кишварҳо  дар соҳаи ҷавонон ва тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш  табодули афкор намуданд. Зимни баргузории  мулоқот Аҳтам Абдуллозода аз дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда, бунёди шумораи зиёди  инфрасохтори  варзишӣ барои ҷавонон бо мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавияти варзиш ва эълон донистани соли 2017 “Соли ҷавонон” – ро ҳадяи беназири таърихӣ арзёбӣ намуд. Дар ҷараёни мулоқоти судманд Кэвин […]

23.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Оғози марҳилаи дуюми мусобиқаҳои варзишӣ байни мактаббачагон дар таътили зимистона

16 январи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон марҳилаи дуюми мусобиқаҳои варзишӣ миёни мактаббачагон дар таътили зимистона оғоз гардид.  Бо ин мақсад дар маркази ноҳияи Муъминобод бо иштироки дастаҳои МТМУ мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои шашка, шоҳмот, дастхобонӣ, волейбол, тенниси рӯи миз, баскетбол, футболи хурд ва гӯштини миллӣ гузаронида мешавад. Зимни ҷамъомади доиргардида, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, хонандагонро барои хониши хубу аъло ва иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои варзишӣ роҳнамоӣ карданд. . Гуфта шуд, ки рӯзҳои 13 ва 15 январи соли равон дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади рушд ва оммавияти варзиш 3 майдончаи варзишӣ барои футбол ва волейбол аз ҳисоби заминҳои […]

22.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ

Бахшида ба соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси Маҳфили стипендиатҳои ҷавони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар толори маҷлисгоҳи Кумита мизи мудаввар таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ” баргузор гардид.  Дар кори он муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳмадзода Дилноза, гирандагони стипендияи Президентӣ, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе ва ҷавонони фаъоли пойтахт иштирок ва суханронӣ намуданд. Аҳмадзода Дилноза зимни суханронии худ иброз дошт, ки Тоҷикистон як гӯшаи биҳиштосои дунё аст, ки имрӯз тамоми сайёҳону меҳмонони олам мафтуну шефтаи он шудаанд: “Талошҳои пайвастаи роҳбари давлат бо ташаббусҳои наҷибона барои муаррифии забон, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии ин қавми ориётабор беназир аст […]

17.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мактабиёни тоҷик дар 14-умин Олимпиадаи байналмилалии «IZHO-2018» соҳиби 11 медал шуданд

Аз 10 то 16 январи соли равон  дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 14-умин Олимпиадаи байналмилалии «IZHO-2018» аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар  олимпиадаи мазкур  довталабон аз 15 давлати дунё: Тоҷикистон, Россия, Гурҷистон, Арманистон, Қазоқистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қирғизистон,  Туркманистон, Туркия, Индонезия, Сербия, Руминия ва Булғория ҷамъ омада, байни ҳам рақобат намуданд. Тавре  аз Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии  дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд,  дар олимпиада Тоҷикистонро 5 даста муаррифӣ намуда, новобаста аз рақибони пурзӯр онҳо тавонистанд миёни дигар кишварҳо бо сазовор гардидани ҷойҳои ифтихорӣ Парчами ҷумҳуриро боло  бардоранд. Дар 14-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков Абубакр Усмонов  сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Инчунин  Меҳрон Бобохонов, Наимҷон Хонҷонов, […]

17.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 237 238 239 240 241 369