734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


“Ал-Аҳром” Харитаи паҳншавии ҷангиёни ТЭТ “ҲНИТ”-ро нашр кард

Рӯзномаи бонуфузтарини Ховари Миёна – “Ал-Аҳром”, ки аз соли 1875 дар Ҷумҳурии Арабии Миср фаъолият дорад, дар бораи фаъолияти террористии ТЭТ ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон ва робитаи пинҳонии ин ташкилот бо ДИИШ, “Ҷабҳат ан-Нусра”, “Ҷайш-ал-ҳур” (Лашкари озод), “Ихвон-ал-Муслимин” ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ мақолае нашр намуд. Зеро вақтҳои охир оид ба ҷиноятҳои пинҳонии аъзо ва роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ–террористии ҲНИТ таваҷҷуҳи ҷомеа бештар аз пештар шудааст. Ба ибораи дигар, акнун дигар гуноҳу ҷурми наҳзатиҳо ба ҳама халқи ҷаҳон ошкор шудааст. Роҳҳо ва гурӯҳҳои махфии навпайдо Роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70-уми асри гузашта, навъи гуногуни узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ […]

15.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ҳамоиши ҳизбиёни ҷавони пойтахт

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбиёни ҷавони пойтахт таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” баргузор гардид. Дар ҳамоиш Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати кишвар, Раъно Бобоҷониён, муовини раиси ҲХДТ ва аъзоёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати кишвар, зимни сухани ифтитоҳӣ қайд кард, ки “ҲХДТ зодаи даврони истиқлол буда, аз давраи аввали фаъолияташ волоияти қонун, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини амнияти иҷтимоиву иқтисодии кишварро пешаи худ қарор дода, дар давоми зиёда […]

15.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

“Суруди сарбоз” дар Норак

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон – «Созандагони Ватан» дар қисми низомии 051054-и Гвардияи миллӣ дар шаҳри Норак фестивал – озмуни «Суруди Сарбоз» доир гардид. Дар он сарбозону афсарон ва намояндагони бахши кор бо ҷавонон, сохтору вазоратҳои низомӣ иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур тарбияи сарбозон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҷодкорӣ ва арзҷ гузоштан ба фарҳанги пурғановати кишвар арзёбӣ шуда, фаъолони чорабинӣ бо ифтихорномаҳои Бахш қадрдонӣ шуданд.

15.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҲОМӢ ВА РАҲНАМОИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе таҳти ин ном китоби нав ба табъ расид, ки ба “Соли ҷавонон” бахшида шудааст

Нашриёти  «Истеъдод» китоби наверо таҳти унвони «Эмомалӣ  Раҳмон-  ҳомӣ  ва раҳнамои ҷавонон»  бо  теъдоди 100 нусха аз чоп баровард. Муаллифони   китоби мазкур Абдураҳмон Хонзода ва Бахтиёр Ҳамдам  буда,   он зери назари муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода нашр гардидааст. Мавриди зикр аст, ки китоби мазкур аз дастовардҳои мамлакат дар замони истиқлолият оид ба сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон, ки дар он саҳм ва нақши асосиро Асосгузои сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишғол менамояд, маълумот медиҳад. Ин китоб ба “Соли ҷавонон” бахшида шуда, муаллифон кӯшидаанд, ки сиёсати бунёдкорона, мутавозин ва дурбинонаи Президентро оид ба сиёсати ҷавонон бо мисолҳо ва далелу арқоми мушаххас возеҳу равшан инъикос […]

15.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва мулоқот бо омӯзгорон ва кормандони масъули соҳаи маорифи шаҳри Душанбе

Устодону омӯзгорони муҳтарам! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шуморо ба муносибати оғози фаъолияти боз як муассисаи таълимӣ дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе самимона табрик мегӯям. Нахустин мулоқоти Роҳбари давлат дар соли 2018 бо шумо, муҳтарам омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе оғоз гардид, ки фикр мекунам ин агар аз як тараф нишонаи ғамхории давлат ва Ҳукумат нисбат ба аҳли маориф бошад, аз сӯи дигар масъулияти онҳоро боз ҳам бештар мегардонад. Соҳаи маориф бо дарназардошти аҳаммияти бузурги кори таълиму тарбия барои ояндаи давлат ва миллат аз ҷумлаи соҳаҳое мебошад, ки бояд пайваста дастгирӣ карда шавад. Бинобар ин, тавре ки мушоҳида мекунед, Ҳукумати мамлакат ҳамаи имкониятҳоро ба рушди соҳа равона карда истодааст. […]

14.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 235 236 237 238 239 369