734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Хатлон: Аз фаъолнокии ҷавонон то мавзеъҳои сайёҳӣ

Дар доираи Нақша-чорабиниҳои Кумита масъулини соҳа, бо роҳбарии муовини Раиси Кумита Ризо Назарзода  аз 25 феврал то 2 марти соли 2016 бо мақсади огаҳӣ шудан аз фаъолияти бахшҳои дар маҳалбудаи худ, фаҳмондадиҳии мафҳум ва мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвар як қатор вохӯриҳоро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор намуд. Барассии масъалаҳои иттилоотӣ ва омори соҳа, сифати корҳои таблиғотӣ яке аз масъалаҳои асосии шиносоӣ ва вохӯриҳо ба ҳисоб мерафт. Кумита солҳои охир баҳри рушди соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, […]

10.03.2016 Нет комментариев Читать далее>

Табибони оянда аз тағйиротҳо ба Конститутсия ҷонибдорӣ карданд

Имрӯз, 9.03.2016,  дар Донишогҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абуали Ибни Сино мулоқоти Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёну устодон ва ҷавонони фаъол доир гардид. Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода доир ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мамлакат ва масъалаҳои ҳаётии ҷавонон андешаронӣ намуд. Аз ҷумла роҳбари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ нахуст атрофи нуктаҳои асосии Паём ва нақши он дар ҳаёти ҷавонону наврасон суханронӣ карда, онро ҳуҷҷати муҳим ва китоби рӯимизии донишҷӯёну ҷавонон арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ фарогири тамоми соҳаҳои […]

09.03.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мизи гирд дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон

Имрӯз дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар доираи нақша – чорабиниҳои муштараки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва шӯъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ мизи гирд дар мавзӯи «Ҷавонон пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»  доир гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, олимони ҷавон, аспирантон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд. Аҳтам Абдуллозода дар мизи гирд вобаста ба нуқтаҳои Паёми ироагардидаи соли 2016, ки ҳамчун роҳнамо ва дастурамали кори ҳар як сохтору шахс маҳсуб меёбад, ибрози назар намуданд. Вобаста ба ин масъала Раиси Кумита аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои муқовимат нишон додан, ба таҳдидҳои замони муосир […]

07.03.2016 Нет комментариев Читать далее>

Табрикоти Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Модар

Табрикоти Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Модар   Бонувони азиз! Модарони меҳрубон! Пеш аз ҳама дар оғози бедоршавии табиат ва фаро расидани фасли зебои баҳор аз номи тамоми ҷавонон ва варзишгарони мамлакат Шумо ва дар шахсияти Шумо кулли занони ҷумҳуриро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик менамоям. Воқеан Зан-Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва бо ин бузургияш ҳамеша мавриди эҳтиром қарор дорад. Дар шароити Тоҷикистони муосир бо талошҳои бевоситаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарони тоҷик ҷойгоҳ ва мавқеи шоистаю сазовори худро соҳиб гардида, бо меҳнати созанда баҳри пешрафти […]

07.03.2016 Нет комментариев Читать далее>

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар

Бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар маркази фарҳангии ҷавонон – “Ориёно” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни ин чорабинӣ тамоми бонувонро ба Рӯзи Модар таҳният гуфта, зикр кард, ки модарон дар баробари тарбияи фарзанд ва пешрафти ҷамъият нақши назаррас доранд. Дар ин чорабинӣ озмунҳои гуногуни эълоннамудаи Кумита аз ҷумла озмуни шеъру таронахонӣ таҳти уновни “Модар, ҳаёт ва ишқ”  ҷамъбаст гардид. Дар озмун аз тарафи донишҷӯёни муассисаҳои олии ҷумҳурӣ шеъру сурудҳои баҳор, модар, ҳаёт ва ишқ суруда шуд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва “Сипоснома”-ҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гаштанд. Пеш аз оғози чорабинӣ дастранҷи ҷавонони Колеҷи […]

07.03.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 234 235 236 237 238 259