734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Мулоқот бо сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холов

29 апрели соли ҷорӣ, дар гимназияи №53 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, мулоқоти навбатии масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва вазорату идораҳои дахдор бо сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холов баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур, вобаста ба вазъи иҷтимоии имрӯзаи ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз ҳамагуна суистифодаи неруҳои манфиатдор ва дигар хатарҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва экстремизми динӣ ва бо мақсади шомил нагардидани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротии динӣ ва мазҳабу равияҳои бегона, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо, парвариши эҳсоси ифтихори ватандорӣ, таҳаммулгароӣ ва инсондӯстии ҷавонон суханрони намуданд. Зимни суханронияш масъулини Кумита таъкид дошт, ки дар пеш моро  чорабинии муҳими сиёсӣ, яъне  раъйпурсии умухалқӣ барои […]

30.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Озмуни мусаввирони ҷавонон дар шаҳри Турсунзода

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бахшида ба ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони муассисахои таълимии шаҳри Турсунзода озмуни мусаввирони ҷавонон таҳти шиори «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат буда, ҳифзу дастовардҳои 25 соли Истиқлолиятро ифтихори худ медонанд» доир гардид. Дар озмуни мазкур 47 нафар мусаввирони наврас иштирок намуданд. Муаллифони расмҳои беҳтарин бо тӯхфаҳои хотиравӣ ва диплом бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода сарфароз карда шуданд.

30.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ташаккули малакаҳои ҳаётӣ

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ санаи 29 – уми апрели соли ҷорӣ семинараи омӯзишӣ дар мавзӯи «Ташаккули малакаҳои ҳаётӣ дар самти саломатии ҷавонон» дар шаҳри Норак баргузор гардид. Дар семинари мазкур 60 нафар ҷавонони касбу кори гуногун, модарон ва ҷавондухтарон ҷалб гардида, фаъолона иштирок намуданд. Табиист, ки ҷавонон осебпазири рафторҳои номатлуб ва хавфноки ба саломатӣ нуқсоноваранда мебошанд. Аз ин рӯ таҳким бахшидани тадбирҳо оид ба ташаккули саломатии ҷавонон муҳим ба шумор меравад. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ин самт пайваста чораҳо андешида, зимнан барномаҳои гуногунро амалӣ мегардонад. Таъсири рафторҳо ва одатҳои номатлуб, ки вазъи саломатии ҷавононро коста мегардонанд, ташвишсозандаи дилхоҳ ҷомеаи мутамаддин ба шумор мераванд. Яке аз […]

30.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Иқдоми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Бо мақсади таъмин намудани иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон  як чанд номгу маводҳои иттилоотӣ таҳия гардидааст, ки ин маводҳои иттилоотиро тавассути аксияҳо ва мулоқоту вохириҳо дар байни ҷомеа ҷомеа бахусус ҷавонон паҳн намуда истодаанд. Умед аст, ки ба ин васила маърифати сиёсии ҷавонон баланд бардошта хоҳад шуд.

29.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҳидояти наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ

28 апрели соли равон, вохӯрии масъулини сохторҳои соҳаи кор бо ҷавонон, дар ҳамбастагӣ бо намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқук бо устодону касбомӯзони Литсейи касбӣ – техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқуӣ масъалаҳои таълиму тарбия, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои моҷароҷуву ифротӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани зиракии сиёсӣ доир гардид. Ҳамзамон дар мулоқот масъулин атрофи тарбияи насли наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, самаранок истифода намудани моликияти ҷамъиятӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва расидан ба қадри ваҳдату ягонагӣ ва шинохти воқеии дастоварҳои соҳибистиқлолии кишвар, маърифати баланди шаҳрнишинӣ ва муҳимияти тағйиру иловаҳо ба Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

28.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 230 231 232 233 234 267