734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷавонон, манфиатҳои миллӣ, истиқлолият ва ягонагӣ»

20 – декабри соли ҷорӣ бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷавонон, манфиатҳои миллӣ, истиқлолият ва ягонагӣ» баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар бештар аз 60 нафар ҷавононе, ки дар самтҳои гуногуни аз ыумла олимони ыавоне, ки дар самти ҷомеашиносӣ кори илмӣ анҷом медищанд, иштирок намуданд. Дар кори мизи мудаввар бештар аз 15 маърузаҳо, ки моҳиятан фарогири мавзӯҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ буда, дар умум масоили марбут ба манфиатҳои миллӣ, арзишҳои соҳибистиқлолии кишвар ва ҳамчунин ҷойгоҳи ҷавононро дар самти гиромӣ доштан аз онҳо мушаххас менамоянд, мавриди баррась царор гирифтанд. Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар ҳимояи арзишҳову манфиатҳои […]

21.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Шумораи ҷавондухтарони соҳибкор меафзояд

Дар Спортбари “Истиқлол” бо ташаббуси Клуби соҳибкорони ҷавони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ (КҶВС), ёрии Барномаи рушди СММ “Мусоидат ба тиҷорат” ва маблағгузории ҳукумати Финландия таҳти унвони “Набзи тиҷоратӣ” (равшании ақл ва бедории дил) чорабинӣ баргузор гардид.   – Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ҷамъбасти марҳилаи сеюм ва ниҳоии лоиҳаи “Озмуни муаррифӣ ва ҳимояи нақшаҳои тиҷоратӣ миёни занони фаъол аз оилаҳои осебпазир”, инчунин ёфтани чеҳраҳои нав аз миёни ҷавондухтарон ва бонувони кишвар дар олами тиҷорат ва маркетинг мебошад, – гуфт ҷонишини директори Клуби соҳибкорони ҷавон Сулаймон Қурбонов.   Зикр гардид, ки дар лоиҳа зиёда аз 150 нафар занону духтарон фаро гирифта шуда буданд. Даври аввали тренинг дар […]

19.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти навбатии масъулини Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо ҷавонон

16- декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб, дар муассисаи рақами 30-и ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб, бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи зебоипарастӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву меҳандорӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба рӯзғордорӣ, тақвият бахшидан ба ҳунаромӯзии ҷавонон вохӯри байни наврсону ҷавонон баргузор гардид. Зимни вохӯри кайд карда шуд, ки зарурат ва аҳамияти бузурги ваҳдати миллӣ махсусан дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ эҳсос мешавад. Зеро, ки соҳиб шудан ба Истиқлолият барои ҳар як халқу кишвар кори осон нест, вале муҳофизат ва ҳимояти он мушкилтар аз он аст. Роҳи расидан ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале ҳаёт нишон медиҳад, ки […]

18.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон бояд сиёсатро дарк кунанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият ба яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ мубаддал гардид. Табиист, ки ин ба аксари давлатҳое, ки мехоҳанд аз нооромии Тоҷикистон манфиат бардоранд ва ё аз нобасомониҳои кишвари мо манфиатдор буданд, бад мерасад. Аз ҷониби дигар, канданиҳои фоиданоки кишвар, ашёи хоми саноатӣ, захираҳои энергетикӣ, оби ошомиданӣ, нерӯи арзони корӣ ва бозори маҳсулоти истеъмолӣ таваҷҷуҳи аҷнабиёнро ҷалб мекунад ва онҳо мекӯшанд, то барои ба даст овардани ин ҳама бо ҳар баҳонае дар шуури мардум, махсусан насли ҷавон ҳисси кинаву нафратро бедор кунанд ва онҳоро аз мақсади эъмори як давлати сирф миллӣ канор баранд. Мутаассифона, ҷавонони нохудогоҳу камдониш ва дур аз сиёсату “бозиҳои сиёсӣ”-ро бо […]

16.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Душанбе: Аксияи тарбиявӣ таҳти унвони “Ало, Салом модар, ман туро дӯст медорам”

Модар…. чӣ хел калимаи ширин ва дилагез аст. Вақте, ки Модар мегӯем тамоми бадану рӯҳамонро як эҳсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем. Модар ба мисли замин якто аст ва муҳабати ӯ барои мо фарзандон беканора ва ҷовидона аст. Имрӯз аз ҷониби волонтёрони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Рӯдакӣ, назди фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) ва хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе Аксияи тарбиявӣ таҳти унвони “Ало, Салом модар, ман туро дӯст медорам” доир карда шуд. Дар рафти Аксияи имрӯза зиёда аз 20 нафар сокинону меҳмонони пойтахт иштирок карда, дӯстдории хешро нисбат ба модар тариқи телефони мобилӣ баён намуданд. Никалай ва Диана ҳарду шаҳрвандони Россия […]

15.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 228 229 230 231 232 295