734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Эълони озмуни умумиҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2016»

Эълони озмуни умумиҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2016» Ҷалби нерӯи насли наврасу ҷавон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватан ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз тазодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд. Дастгириву ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат дар меҳвари асосии фаъолияти роҳбарияти олии сиёсии мамлакат қарор дошта, ҷавобан ба ин ҷавонон низ бо илму дониш, азму иродаи қавӣ дар рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон ҳиссагузор ҳастанд. Дар ин замина, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо […]

19.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон мавқеи худро нисбати раъйпурсӣ муайян кард.

Санаи 14.04.2016 сол дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Раёсати Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон даъват карда шуд, ки дар он масъалаи муайян кардани мавқеи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон оид ба раъйпурсӣ ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни баргузории ҷаласа Раёсат, роҳбарият ва аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муҳтавои тағйиру иловаҳои Конститутсияро ба таври амиқ мавриди таҳлил қарор дода, аз нигоҳи касбӣ махсусан дар самти таъсирбахш ба ҳаёти ҷавонон амалӣ гардонидани онро муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин радиф Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти бонуфузи ҷамъиятӣ дар соҳаи ҷавонон қарор қабул кард, ки тамоми имкониятҳои худ ва аъзоёнашро баҳри таблиғу ташфиқи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия равона намуда, рӯзи 22 […]

18.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Фестивал-озмуни “Ҷилваи ҳусн” дар ноҳияи Ёвон

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ва бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон, аз ҷумла духтарон, рӯи саҳна овардани истеъдодҳои ҷавон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии шомилгардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва тарғиби фарҳангу анъанаҳои миллӣ дар тарабхонаи “Дунё”-и ноҳияи Ёвон фестивал-озмуни “Ҷилваи ҳусн” миёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ, литсейҳои касбӣ ва коллеҷи тиббии ноҳия баргузор гардид. Дар чорабинӣ 80 нафар иштирокчӣ ва зиёда аз 150 нафар тамошобинрн иштирок намуданд. Масъулин баргузории фестивали мазкурро барои баланд бардоштани рӯҳияи зебоипарастӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба таъриху тамадуни миллӣ миёни ҷавонон муҳим арзёбӣ карданд. Дар фестивал аз ҷониби марказҳои ҷавонон либосҳои миллӣ, дастдӯзиҳо ва кандакориҳо пешкаши тамошобинон карда шуд. Дар ҷамъбасти […]

13.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Қурғонтеппа: Вохӯрии намояндагони мақомоти давлатӣ бо донишҷӯён

12 апрели соли равон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ дар “Кохи Ватан”-и шаҳри Қурғонтеппа вохӯрии масъулин бо донишҷӯёни ва ҷавонон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Азимов Н. Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр,   Ализода А. ёрдамчии прокурори шаҳри Қурғонтеппа ва мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Ҷ.Исматуллозода суханронӣ карданд. Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба мавзуҳои пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, таҷовуз ба номус, зуроварӣ, худкушӣ ва хариду фурӯши инсон маърӯза намуданд. Дар вохӯри бештар аз 350 нафар донишҷӯён ва ҷавонони шаҳри Қурғонтеппа иштирок доштанд.

13.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо омӯзгорони оянда

Имрӯз, 11 апрел, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мулоқоти раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯён вобаста ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар доир гардид. Зимни ифтитоҳи мулоқот А. Абдуллозода донишҷӯёнро барои иштироки фаъолона дар раъйпурсӣ даъват карда, иброз дошт: “Имрӯз вақти он расидааст, ки дар натиҷаи рушду такомулёбии ҷомеа ба ҳуҷҷати сарнавиштсоз, танзимкунанда, санади муҳими сиёсӣ, инъикоскунандаи ормонҳои ҷомеа ва раҳнамову нишондиҳандаи роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократӣ мо якдилона тағйиру иловаҳоро ворид намоем. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия боиси мукаммал гардидани низоми сиёсиву ҳуқуқии давлат, боз ҳам устувории заминаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ вобаста ба рушди […]

11.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 227 228 229 230 231 259