734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Ифтитоҳи бинои кӯдакистони “Кабутар” барои 250 нафар дар шаҳри Ҳисор

18 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳр бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони хусусии “Кабутар”-ро барои 250 нафар кӯдак дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Қаблан дар ҳудуди маҳаллаи мазкур чунин кӯдакистони замонавӣ мавҷуд набуд. Бинои кӯдакистон аз ду ошёна, 11 синфхонаи барҳавои таълимӣ, ошхона, толори алоҳида барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию варзиши сабук ва утоқҳои корӣ иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2019 бо ҷалби беш аз 100 нафар мутахассису коргарони маҳаллӣ оғоз ёфта, он дар муҳлати 1 сол бо тарҳи хело зебо ва ҷавобгӯй ба талабот мавриди истифода қарор дода […]

18.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ, бинои истиқоматӣ ва муаррифии нақшаи генералии шаҳри Ҳисор

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Султон Раҷабови шаҳри Ҳисор коргоҳи дӯзандагӣ ва бинои истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Коргоҳи дӯзандагӣ дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ ҷойгир буда, иншоот бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд карда шудааст. Дар коргоҳ 40 нафар занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Ҷиҳати бо сифати баланд омода кардани маҳсулоти истеҳсолӣ занону духтарони чирадаст ба кор ҷалб гардидаанд. Дар коргоҳи дӯзандагӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва қонеъ намудани талаботи сокинон сару либос омода карда мешавад. Масъулон аснои бунёди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намудани […]

18.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор ба маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов дар маъракаи ҷамъоварии пахта ва кишти тирамоҳии ғалладона иштирок карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими ҷорӣ хоҷагидорони ин Кооператив бо роҳандозии тадбирҳои иловагии коркарди агротехникии зироат, истифодаи тухмиҳои хушсифати маҳалливу хориҷӣ ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, аз ҷумла дар самти ҷамъоварии ҳосили пахта ноил хоҳанд шуд, зеро ба тахмини хоҷагидорон, соли равон аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна тахминан бештар аз 35-сентнерӣ ҳосил ба даст хоҳанд овард. Хоҷагии мазкур серсоҳа буда, дорои 1147 гектар замини корами обӣ ва лалмӣ мебошад. Имсол аз масоҳати […]

18.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

“Ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи нақлиёту роҳсозӣ”

Тавре иттилоъ доред, санаи 31 августи соли 2020 дар Анҷумани 14 ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамовозии амиқ номзадии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид. Дар ҳошияи Анҷумани баргузоргардида, 18 сентябри соли 2020 дар толори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бо мақсади ҳамовозӣ аз муроҷиатномаи вакилони Анҷумани 14 Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати пешбарии номзади Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ “Ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи нақлиёту роҳсозӣ” доир гардид. Дар ҳамоиш кормандони ҷавони соҳа иштирок намуданд. Зимни ҳамоиш – роҳбарияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, кормандони ҷавони соҳаи нақлиёту роҳсозӣ баромад намуда, номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои […]

18.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

“ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ АВВАЛИНДАРАҶАИ ҶАҲОНИ МУОСИР”

Омилҳои асосии вуҷуд доштани чунин марказҳои таълимие, ки бо сӯиистифода аз муқаддасоти мардум бо ҷони фарзандони онҳо бози мекунанд, пеш аз ҳама кутоҳназарӣ ва бесаводии падару модарон мебошад . Баъдан масъулони давлатие, ки дар кишварҳои мусалмонӣ курсиҳоро аз худ мекунанд ва ҷавобгарии амнияту бехатарии мардумро ба ӯҳда доранд, аз сари хунукназарӣ ва масъулиятношиносӣ пеши роҳи онро мегиранд. Бо истифода аз ин шароит онҳо мавҷудияти худро идома дода, ҳамасола шумораи зиёди “Кадрҳои нав” – ро барои иҷрои ҳадафҳои шуми худ ва хоҷагонашон омода месозанд. Дар натиҷа инфиҷору ҳаросафканӣ ва куштори инсонҳои бегуноҳ дар кишварҳои зиёде ҳамасола ба вуқӯъ меояд . Бинобар ин, барои бартараф кардан ё ҳадди ақал кам кардани падидаҳои […]

18.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 440