734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Волонтёрӣ шараф аст, волонтёр мешавем!!!

Ҳамасола дар рӯи олам 5 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии волонтёрон бо баргузории беҳтарин чорабиниҳо таҷлил карда мешавад. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар самти амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамасола бо ба роҳ мондани чорабиниҳои гуногуни илмию адабӣ – оммавию фарҳангӣ ва варзишӣ ин инди шахсони хайрхоҳу ҷавонони содиқи Ватанро сарбаландона таҷлил менамояд. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар саросари кишвар силсисла чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида истодааст. Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи волонтёрон дар ҷамааи сайёҳиву варзишии Сафед – Дара имрӯз бо иштироки коршиносони соҳа, волонтёрони фаъоли […]

06.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Табрикоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон

Волонтёрӣ василаи хуби муттаҳидсозии насли ҷавон аст Волонтёрӣ – мактаби бузурге дар масири баркамолрасонии ҷавонон   Ҷавонони содатманди кишвар, пайравони асили Пешвои муаззами миллат, дӯстони ҷавону волонтёрони гиромӣ! Бо камоли эҳтиром ва сарфарозӣ ҳамаи Шумо ва дар симои шумо кулли фидоиён-волонтёрони кишварро бахшида ба “Рӯзи байналмилалии волонтёрон” табрику таҳният мегуям. Шумо ифтихори моед! Фаъолияти волонтёрӣ ба шахси комил шудани шумо  – ҷавонон, яъне тарғибкунандагони некию хайрхоҳӣ мусоидат намуда, ҳамчун инсони башардӯст ба камол мерасонад.Пирӯзии одамон бар ҳама гуна мушкилот аз муттаҳидию сарҷамъии онҳо маншаъ мегирад. Парокандагию тафриқандозӣ ба инсонҳо танҳо харобию бадбахтӣ меорад. Аз ин рӯ, ояндаи кишвар ва рушду нумуи он ба ваҳдат, ҳамкорию ҳамбастагии ҷавонон вобастагии қавӣ дорад. […]

06.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Маросими ҷоизасупории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат

         Имрӯз дар доираи таҷлили  Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар Муассисаҳои давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб” маросими ҷоизасупории мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат” доир гардид.         Дар мусобиқаи мазкур 15 дастаҳои футболи ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”, волонтёрони сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилоти системаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамзамон волонтёрони яқ қатор муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ, аз ҷумла дастаи ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”, дастаи волонтёрони “Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур”, дастаи волонтёрони “Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи […]

04.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Аз миллату аз забони худ ёд кунед!

Имрӯз бо ташаббуси волонтёрони фаъоли маҳфили “Адибони ҷавони навқаламу эҷодкор”-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи адабӣ – фарҳангии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким – барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ таҳти унвони “Аз миллату аз забони худ ёд кунед!”дар толори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия бо иштироки васеи шоирону нависандагон, сарояндагону ҷавонони эҷодкор ва аҳли илму адаб, аз ҷумла, Муҳаммад Ғоиб – Шоири халқии Тоҷикистон, Давлатманд Холов, Аслиддин Низомов, Ортиқ Қодир, Сайидалӣ Маъмур ва дигарон баргузор карда шуд.          Дар чорабинии мазкур, зиёда аз 500 нафар ҷавонони касбу кори гуногун ширкат варзида, бо ашъори ин шоири ширинкалом шинос гардиданд.          Лозим ба ёдоварист, ки […]

03.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Дар Душанбе вобаста ба масъалаи саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва имкониятҳои рушд мизи мудаввар доир гардид

Имрӯз дар толори Кохи Афсарон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони соҳа мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва имкониятҳои рушд” доир гардид. Дар кори мизи мудаввар муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ ва муовини раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва техналогияҳои нав, Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амвол, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумруки назди […]

28.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 253