734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


“Дастовардҳои ҷавонону варзишгарон дар давоми 29 – соли Истиқлолият”

Боиси хушнуди ва сарфарози аст, ки мо миллати сарбаланди тоҷик 29- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як шукуҳу шаҳомати ватандориву ватандӯсти истиқбол менамоем. Тоҷикистони азизи мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки ба некуаҳволии мардум мусоидат намудааст. Ҳамроҳ бо Истиқлолияти кишвар муваффақ гаштан ба ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллатӣ тоҷик ба ҳисоб меравад, зеро яке аз шартҳои муҳимтарини сиёсати давлатдорӣ Истиқлолияти комил маҳсуб меёбад. 9 – сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро элон дошт ва кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустањқил эътироф намуданд. Воқеан, Тоҷикистон аз замони Истиқлолият роҳи […]

20.10.2020 Нет комментариев Читать далее>

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

САНАИ 19.10.2020.дар майдони варзиши МДМВ№2-и  шаҳри Истаравшан вохӯрии дастаи маҳаллаи “Навобод” ва дастаи “Боботағо “- и Ҷ/ д Гули Сурх доир гардид. Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии варзиши мазкур Қахрамони бозиҳои олимпии тобистони ш.Рио де Жанейрои давлати Бразилия дар соли 2016 Дилшод Назаров, Сардори раёсати варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бозор Носир, мудири шӯъбаи дастаи мунтахаби Кумита Суҳроби Акбаршо, кормандони дастгоҳи марказии Кумита Саидраҳмон Раҳмонов, Ҳалим Набиев, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан Ҳотамзода Аскар ва дигар меҳмонон ширкат варзидаанд. Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи футбол дар доираи ҷадвали “Деҳа ба деҳа”дар қаламрави шаҳр идома дорад. Вохурӣ бо ҳисоби 3/1 […]

20.10.2020 Нет комментариев Читать далее>

“Якҷоя бар зиди маводи нашъадор мубориза мебарем”

Таҳти чунин унвон  санаи 19 октябри соли равон бо иштироки муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода, Сардори шубаи пешгирии нашъаманди ва мубориза бо маводи нашъаовари назди Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Бозорали Сафарализода аксияи ,”Корвони зиддимуходироти 2020″ дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар аксияи мазкур зиёда аз 780 нафар ҷавонону наврасон иштирок намуда аз ҷониби масъулин ба иштирокдорон маводҳои таблиғоти тақсим карда шуданд. Инчунин дар ҷамъбасти чорабини ғолибони мусобиқаҳои варзиши, ки аз намудҳои валейбол, шоҳмот ва шашка байни хонандагони МТМУ-и шаҳри Хоруғ сабқат доштанд бо медалу ифтихорнома, ҷому туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ  гардиданд.

20.10.2020 Нет комментариев Читать далее>

ХОНИШИ СИЁСӢ БО ЧАВОНОН!

Имрӯз бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рудаки миёни чавонон хониши сиёсӣ баргузор гардид. Аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбияи ноболиғону ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба воя расонидани онҳо ва баланд бардоштани нақши намояндагони ин насли ояндасози кишвар дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Аз чӣ гуна таълиму тарбия намудани насли наврас ояндаи ҷомеаи мо вобастагӣ дорад. Зеро, ноболиғону ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар, фардо дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳуриамон саҳм мегузоранд. Дар идомаи суҳбат зикр гардид, ки имрӯз шумо ҷавонон бояд саводноку донишманд ба […]

20.10.2020 Нет комментариев Читать далее>

АКСИЯИ ТАЛИҒОТИВУ ШАВИҚОТӢ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

ФАРХОР. Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгири аз бемории сироятии (СOVID- 19), дар ноҳияи Фархор корҳои ташвиқотию тарғиботӣ идома дорад. Дар ин замина, тибқи Нақша- чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Фархор дар ҳамбастагӣ бо Маркази ҷавонон бо усули “рӯ ба рӯ” дар маркази ноҳияи Фархор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар рафти иқдоми мазкур аз ҷониби масъулин ба сокинон таъкид карда шуд, ки новобаста ба паст шудани хуруҷи коронавирус дар кишвар ҳамаи моро мебояд, ки ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намоем ва ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус дар […]

19.10.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 4 5 6 7 8 336